Созишнома оид ба таъсис додани минтақаҳои бехавф дар ҳудуди Сурия мавриди амал қарор мегирад

Май 5, 2017 14:41

Хабарҳои мавзӯъ

оон-сурия

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба таъсис додани минтақаҳои бехавф дар ҳудуди Сурия, ки аз тарафи кишварҳои Россия, Туркия ва Эрон дирӯз дар Остона дар доираи гуфтушунидҳои Сурия оид ба сулҳ ба имзо расид, аз имрӯз мавриди амал қарор мегирад, — иттилоъ додааст хабаргузории «Интерфакс». Дар Созишнома чунин омадааст6 «Таъсис додани минтақаҳои бехавф тадбири муваққатӣ буда, дар давраи аввал он ба муҳлати шаш моҳ амал мекунад ва дар сурати мувофиқати кишварҳои кафил имкони тамдид намудани муҳлати фаъолияти минтақаҳои бехавф боқӣ мемонад».
Тибқи бандҳои Созишнома, ки аз ҷониби Федератсияи Россия пешниҳод шудааст, баъд аз ду ҳафта кишварҳои кафил гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳанд, ки ваколати онҳо аз дақиқ намудани ҳудуди минтақаҳои бехавф ва хатҳои муайянкунандаи марз, ҳал намудани масоили техникӣ ва дигар амалҳои барои татбиқи Созишнома зарурӣ иборат мебошад.
«Кишварҳои кафил то 4-уми июн тадбирҳоро барои таҳияи харитаи минтақаҳои бехавф ва хатҳои муайянкунандаи марз, инчунин харитаи аз минтақаҳои бехавф ҷудо кардани макони гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-нусра» ва «Ал-қойида»-ро бояд ба анҷом расонанд, — зикр шудааст дар Созишнома.
Гурӯҳҳои корӣ аз фаъолияти худ дар мулоқотҳои байналмилалии сатҳи олӣ оид ба сулҳи Сурия, ки дар шаҳри Остона идома меёбанд, ҳисобот пешниҳод мекунанд.
Дар ҳудуди минтақаҳои бехавф ҳама гуна задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни ҷонибҳои даргир, аз ҷумла миёни неруҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо истифода аз ҳама навъи силоҳ ва ҳавопаймоҳо қатъиян манъ карда мешавад.
«Дар назар дошта шудааст, ки дар минтақаҳои бехавф нуқтаҳои назоратӣ барои таъмн ва назорати риояи оташбас муқаррар карда мешаванд. Фаъолияти ин нуқтаҳои назоратӣ ва гузаргоҳҳои марзӣ аз тарафи неруҳои кишварҳои кафил-Россия, Туркия ва Ироқ таъмин карда мешавад», — омадааст дар Созишнома.

Май 5, 2017 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд