Суҳроб Боқиев дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо соҳиби медали нуқра гардид

Май 15, 2017 17:30

Душанбе, 15.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Аз 13 то 14-уми  май дар шаҳри Оренбурги Россия мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо баргузор гардид. Варзишгари ҷавони тоҷик Суҳроб Боқиев дар ин мусобиқа медали нуқра ба даст овард.

Дар мусобиқа  беш аз 300 варзишгар аз 14 давлат-  Тоҷикистон, Австрия, Арманистон, Беларус, Британия, Гурҷистон, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Нидерланд, Олмон, Россия, Словакия ва Франсия   иштирок  карданд

Ёдовар мешаем ки  рақобатҳо дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 кило миёни занон ва 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило миёни мардон доир гардиданд.

Паҳлавони  ҷавони тоҷик Суҳроб Боқиев дар вазни 60 кило аввал бар  варзишгари арманӣ Шоҳин Абашян ғолиб омад. Дар даври дуюм ӯ Рой Коффиҷбергро аз Нидерланд ва дар даври сеюм Ҷолан Флоримонти франсавиро шикаст дод. Дар нимфинал бар вазишгари  Россия Обид Ҷебов ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт. Вале дар финал аз варзишгари дигари Россия Яго Абуладзе шикаст хӯрд.

Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа ҷумҳурии моро ба ғайр аз Суҳроб Боқиев Комрон Мамадназаров (-60), Хушқадам Хусравов (-66), Ҳидоятулло Самиев (-73), Амонулло Азимов, Садр Боев, Сафарбек Муродов, Кароматулло Ҳакимов, Акмал Муродов (-81), Муҳаммадасрор Юсупов (-90), Абдулваҳоб Сатторов (-100) ва Шакармамад Мирмамадов (+100) намояндагӣ карданд.

 

 

Май 15, 2017 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ моҳи апрел оғоз мешавад
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ФУТБОЛ. Имрӯз бозии дуюми дӯстонаи дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими Ветнам баргузор мегардад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ аз тими Арабистони Саудӣ мағлуб шуд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи Арабистони Саудӣ бо либосҳои сурх бозӣ менамояд
26 март дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ доир мешаванд
Гела Шекиладзе: «Моро бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии душвор интизор аст»
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Риёз нахустин тамринҳоро анҷом дод
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Ветнам бозӣ менамояд