Пешвои миллат дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Май 8, 2017 17:45

ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ пешниҳод ва таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир аз вазифаи Раиси суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Саид Сӯҳроб аз вазифаи Раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, Ҷалолиддин Азиз аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Қаландарзода Мансур Сафар аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардиданд. Хайриддинзода Азизбек Хайриддин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шуд.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоб намудани Азиззода Зафар Нусрат ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминзода Зокирҷон Тоҳир – муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саид Сӯҳроб – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаландарзода Мансур Сафар – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалолиддин Азизӣ — судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода –судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Бо пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Маҳмадсаид Алимардон аз вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Ховар Нурмуҳаммад аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Исмоил — аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан бозхонд карда мешаванд.
Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович- муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторзода Абдуҷаббор – сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холзода Бобишо- сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидвализода Барно- сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Ҳусейн- сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоиён Нодир – сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарализода Зафар- мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пирназарзода Иброҳим- мудири бахши кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссари ҳарбии вилояти Хатлон ва фармондеҳони як қатор ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаро аз ҳисоби ҷавонони хатмкардаи муассисаҳои олии таҳсилоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таъин намуданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, Директори киностудияи «Тоҷикфилм» таъин гардиданд. Зимни суҳбати самимиву ошкоро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ҷавону лаёкатмандро ба хизмати садоқатмандонаву поквиҷдонона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуда, дар баробари таҷрибаи касбкарда омӯзиши пайваста, такмили ихтисос ва бахусус, омӯзиши забонҳои хориҷиро таъкид намуданд. «Ба ҳар кадоми Шумо — ҳамчун хизматчии давлатӣ барои ободиву гулгулшукуфоии Ватан ва таъмини фаъолияти шоистаи ибрат барору комёбӣ мехоҳам» — иброз доштанд дар хотимаи сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъиноти кадрӣ 08.05.2017

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Аминзода Зокирҷон Тоҳир аз вазифаи раиси суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд,
Саид Сӯҳроб аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд,
Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд,
Ҷалолиддини Азизӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд,
Қаландарзода Мансур Сафар аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шаванд.
2. Хайриддинзода Азизбек Хайриддин раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№875

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Исматуллозода Дилшод Абдуғафор муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-871

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлатзода Ҳусейн Ҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-872

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-873

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Азиззода Зафар Нусрат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-874

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саидвализода Барно Саиднабӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-875

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саидвализода Барно Саиднабӣ Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-876

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлатзода Ҳусейн Ҳамид Сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-877

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сатторзода Абдуҷабор сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-878

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мирзоиён Нодир Рамазонӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-879

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мирзоиён Нодир Рамазонӣ Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-880

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарализода Зафар Сафаралӣ мудири Шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 майи соли 2017
№АП-881

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 8 майи соли 2017 №229
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Сардори Бозрасии давлатии назорат
дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион
ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ализода С.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ализода Суҳроб Маҳмуд бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 8 майи соли 2017 №230
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Раиси Кумитаи
телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Бобошоҳзода М.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 8 майи соли 2017 №231
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Раиси Кумитаи
телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Ализода С.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ализода Суҳроб Маҳмуд муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 8 майи соли 2017 №232
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи
телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион
ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода Т.И.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Тоҷиддин Исмон Сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Май 8, 2017 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон