Таъсисёбии қушунҳои сарҳадӣ нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон мебошад

Май 27, 2017 12:26

ДУШАНБЕ, 27.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии шаҳраки варзишӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз яке қисмҳои ҳарбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ иттилоъ медиҳад.
Қабл аз маросими кушодашавии шаҳраки варзишӣ як гурӯҳ хизматчиёни махсуси ҳарбӣ дар ҳузури намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КДАМ, ҳайати фармондеҳии Қушунҳои сарҳадӣ, роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат, собиқадорон ва меҳмонони фахрӣ машқи ҳарбии несту нобуд кардани душмани шартиро бо истифода аз силоҳҳои гуногуни оташфишонӣ, бартараф намудани монеаҳои муҳандисиву техникӣ ва истифодаи нерӯи ҷисмонӣ намоиш доданд. Сипас, ду майдончаи варзишии волейбол, баскетбол, корти теннис, футбол, ду майдони машқи бадан, инчунин ҳаммомҳои мардонаву занона ва ду нишастгоҳи фароғатӣ муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои мусоид ба таври расмӣ барои машқу тамрин ва истироҳату фароғати аскарону афсарон, варзишгарон, курсантҳо ва хизматчиёни Қушунҳои сарҳадӣ ба истифода супорида шуданд.
«Мавриди зикр аст, ки шаҳраки варзишӣ ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон шудани Соли ҷавонон бевосита бо қувваи кории афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадӣ бунёд шудааст», — гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуоти Қушунҳои сарҳадии мамлакат Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Тавре маълум гардид, дар шаҳраки варзишӣ дар як вақт то 300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд ба варзиш машғул бошанд.
Ҳамчунин, нимаи аввали имрӯз дар Кохи «Шараф»-и Қушунҳои сарҳадии мамлакат бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният, роҳбарияти КДАМ ва Қушунҳои сарҳадӣ, роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат, собиқадорон ва афсарону сарбозон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 23-солаги таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ баргузор гардид.
Шералӣ Хайруллоев, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ зимни сухани табрикӣ зикр кард: «Таъсисёбии қушунҳои сарҳадӣ ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон на танҳо ҷиҳати пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзи кишвар, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад».
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти олии мамлакат дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадӣ ва шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.
Дар давоми 23 соли охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ сохтаву навсозӣ шуда, ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин гардиданд.
Дар давоми ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ даҳҳо нафар хизматчёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон карданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату ҳукумати кишвар номи неки онҳоро ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намекунад.
Шералӣ Хайруллоев дар ҷаласаи тантанавии сарҳадбонон изҳор кард: «Тайи солҳои охир баъзе кишварҳои олам ба доираи оташи ҷанги доманадор кашида шуда, террористону зархаридони хориҷӣ ва ифротгароёни иртиҷоӣ бо роҳи зӯроварӣ ва барангехтани низоъҳои дохилӣ зиндагии орому осудаи кишварҳои алоҳидаро ба даҳшат табдил доданд. Соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии чандин давлатҳоро хароб карда, боиси сарсону саргардон шудани миллионҳо нафар сокинони осоишта гардиданд. Дар чунин шароит шумо, сарҳадбонон, ки дар сафи пеши ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботу оромии сокинони ватани маҳбубамон қарор доред, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ, омодагии баланди ҷангиро таъмин намоед. Ҳамеша ҳушёру зирак ва ҷиҳати ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон омода бошед».
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ қайд кард, ки «Сарҳади ҳар як кишвари мустақил аз муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории он ба шумор рафта, амнияти ҳар як халқу давлат аз сатҳи ҳифзи марзу бумаш вобастагӣ дорад».
Бояд гуфт, бо мақсади таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, яъне моҳи ноябри соли 1992 аввал дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил гардида, баъд аз 10 рӯз бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳайати Кумита Раёсати ҳифзи сарҳадот таъсис дода шуд.
Минбаъд дар натиҷаи амалӣ намудани чораҳои зарурӣ доир ба тақсими марзҳои давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Афғонистон, ки он солҳои зиёд аз ҷониби хадамоти сарҳадбонии Федератсияи Россия ва аз тарафи ҷузъу томҳои Раёсати ҳифзи сарҳадоти назди КДАМ ҶТ муҳофизат карда мешуд, 30 майи соли 1994-ум бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қушунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, 28 май ҳамчун рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.
С.Ятимов таъкид кард, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ зикр кардаанд, ки «ҳоло давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои қушунҳои сарҳадӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори марзу буми Ватан ва дастовардҳои истиқлолияти миллии худро мебинад. Зеро маҳз бо хизмати содиқона ва бошарафонаи ҳайати шахсии Қушунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кутоҳи таърихӣ нерӯҳои қобили ҳифзи марзу буми Ватан ба камол расонида шуд, ки барои ин даҳсолаҳо лозим буданд».
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ба афсарону сарбозоне, ки дар рафти хизмати ҳарбӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, медалу нишонаҳои сарисинагӣ, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

А.САНГЗОДА

Май 27, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд