Таваҷҷуҳ ба ҷавонон воситаи муҳими дурнамои рушди устувори ҷомеаву давлат хоҳад буд

Май 5, 2017 12:13

ДУШАНБЕ, 05.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар остонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрии намояндагони як зумра муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои қудратии кишвар бо донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  баргузор шуд.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва самтҳои афзалиятноки он, баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷомеа, бахусус ҷавонон аз зуҳуроти номатлубу хатарафзо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дилошуб Розиқов, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати масъалаҳои самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва самтҳои афзалиятноки он сухан ронда, гуфт, ки «дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷавонон захираи тиллоии миллату кишварҳо маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳ ба онҳо воситаи муҳими дурнамои рушди устувори ҷомеаву давлат хоҳад буд. Аммо аз сӯи дигар ҷавононро мебояд истифодабарии самараноки имкониятҳои мавҷудаи ҷомеаро дарк намуда, ҷиҳати худташаккулдиҳӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд».

Акмал Олимшоев, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгириҳои давлатии занону бонувон андешаронӣ карда, афзуд, ки солҳои охир занону духтарон ба як неруи фаъолу пешбарандаи кишвар мубаддал гашта, нақши онҳо дар идораи сохторҳои пешбарандаи ҷомеа беш аз пеш назаррас мегардад.

Май 5, 2017 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд