Тавсияҳои табиби оилавӣ ба шахсоне, ки рӯза мегиранд

Май 26, 2017 08:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имсол моҳи шарифи Рамазон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон     27 май оғоз мегардад.

Вобаста ба рӯзагирӣ дар фасли гармо, дар кадом ҳолат раво набудани рӯзагирӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба саломатии инсон  мухбири АМИТ «Ховар»  бо табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрӣ Шоимгул Сабурова ҳамсуҳбат гардид.

Тавре ки Ш.Сабурова зикр намуд, нафароне, ки аз бемориҳои         фишорбаландӣ, бемории меъда, қанд ва дигар  бемориҳое, ки истеъмоли  саривақтии хӯрок ва обро талаб мекунад, азият мекашанд, набояд рӯза гиранд.

Нафароне, ки  бемории фарбеҳӣ ё дарди гурда доранд, гоҳо  ба вазъи саломатиашон нигоҳ накарда, рӯза мегиранд. Чунин нафарон ҳангоми гирифтани рӯза бояд  аз тавсияи духтурон истифода намуда, тибқи он  рафтор кунанд.

«Шахсони рӯзадор бояд бештар дар ҷойҳои салқин кор кунанд. Ҳангоми дар корхона будан бояд онро салқин нигоҳ дошт. Бояд саҳаргоҳон то  тулӯи офтоб  ва  бегоҳ ҳангоми ғуруби офтоб  дар кӯча гарданд.  Вале ҳастанд нафароне, ки ҳарчанд танашон сиҳат бошад ҳам, муддати зиёд ташна гашта наметавонанд, аз ҳамин сабаб чунин нафарон набояд рӯза гиранд»,- тавсия дод табиб.

Ба таъкиди табиб, шахсоне, ки рӯза мегиранд, бояд ҳангоми саҳархӯрӣ ва вақти ифтор хӯрокро бо меъёр истеъмол кунанд, зеро якбора хӯрдани якчанд намуд хӯрок ба саломатии инсон хавфи зиёд дорад.

Ҳамчунин Шоимгул Сабурова илова намуд, ки «бегоҳ ҳангоми ифтор шахси рӯзадор бояд ҳатман аз меваҳои  тоза истеъмол намояд. Инчунин барои бо об таъмин намудани бадан ҳатман аз шарбати меваҳо истифода бояд бурд. Вале ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият дод. Он набояд хеле хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор таъсири бад расонад. Ва ҳатман  шахс зимни рӯзакушоӣ бояд аввал хӯрокҳои якум истеъмол кунад».

Бино ба тавсияи табиб, шахс дар вақти рӯзагирӣ набояд пурхӯрӣ кунад ва хӯрокҳои равғанӣ ва сахтро шаб истеъмол намояд, зеро он  ба кори меъда душворӣ оварда, шахсро нороҳат месозад.

«Хангоми бад шудани ҳолати шахси рӯзадор вай бояд ҳатман об ва хӯрок истеъмол карда, зуд ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд. Зеро дар фасли гармо ҳамаи бемориҳо метавонанд хуруҷ карда,  вазъи  саломатии шахсро  бадтар созанд.  Шахсе ки ба саломатии худ боварии комил надорад, набояд таваккалӣ рӯза гирифта, саломатии худро зери хатар гузорад»,- гуфт  Шоимгул Сабурова.

 

 

 

Май 26, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд