Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ минтақаи Ванҷи болоро бо неруи барқи доимӣ таъмин намуд

Май 16, 2017 16:02

ДУШАНБЕ, 16.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар деҳаи Техарви минтақаи Ванҷи болои ноҳияи Ванҷ Неругоҳи барқи обии хурди «Техарв» бо тавоноии 400 кВт мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  Абдулло Амонбеков, роҳбари хадамоти иттилоотии Ширкати «Помир Энерҷӣ» хабар дод.

Нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ- ширкати «Помир Энерҷӣ», ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 ба фаъолият шурӯъ намуд, бо ҷудо намудани маблағи зарурӣ дар ҳаҷми қариб 1,3 млн. доллари ИМА Неругоҳи барқи обии хурди «Техарв»-и ноҳияи Ванҷро пурра навсозӣ ва ба шабакаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пайваст намуда, бо ҳамин қариб 1200 хоҷагии шахсӣ (дар маҷмӯъ беш аз 12 000 нафар аҳолӣ) ва муассисаҳои давлатию тиҷоратии минтақаи Ванҷи болои ноҳияи Ванҷро тамоми шабонарӯз бо қувваи барқи хушсифат таъмин намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Неругоҳи барқи обии хурди «Техарв» соли 1995 сохта шуда, солҳои охир ҷиҳати фарсуда шудани таҷҳизоташ тобистон ҳамагӣ то 260кВт ва дар фасли зимистон то 140кВт қувваи барқ истеҳсол менамуд, ки бо он танҳо қисми аҳолии деҳоти Ванҷи боло дар зимистон аз рӯи реҷаи муайян бо қувваи барқ таъмин карда мешуданд. Бар замми ин тобистони соли 2015 ҳангоми селфуроӣ иншооти асосии ин неругоҳ зарари пурра дида, неругоҳ батамом аз кор монд. Барои то андозае дар фасли зимистон аз қувваи барқ таъмин намудани аҳолии Ванҷи боло бо супориши Ҳукумати мамлакат неругоҳ аз тарафи коргарону мутахассисони Ширкати «Помир Энерҷӣ» барои фаъолияти муваққатӣ омода карда шуда, дар моҳи октябри худи ҳамон сол мавриди истифода қарор дода шуд. Баъдан дар моҳи марти соли 2016 неругоҳи «Техарв» ҷиҳати навсозии пурра аз кор боздошта шуд.

Корҳои сохтмониро дар навсозии иншооти гидротехникӣ ва бинои асосии неругоҳ пудратчии ватанӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сахо-Шо» пеш бурда, дастгоҳи кории тавоноиаш 400кВт аз тарафи ширкати хитойии «HYDROTU» дар асоси шартнома бо «Помир Энерҷӣ» тайёр карда шуд ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби худи мутахассисони Ширкати «Помир Энерҷӣ» ба анҷом расонда шуд.

Дар баробари ин тирамоҳи соли сипаришуда барои ҳамаи 1200 хоҷагии шахсӣ, муассисаҳои давлатию тиҷоратӣ ҳисобкунакҳои нави замонавии электронӣ васл гардида, чун дигар иншооти барқии вилоят дар НБО-и хурди «Техарв» низ низоми автоматии идоракунӣ ва назорати барқ (АСКУЭ) ҷорӣ карда шуд, ки тавассути он ҳамаи маълумоти зарурӣ тариқи интернет аз НБО ба шабакаи танзими марказии «Помир Энерҷӣ» ба таври доимӣ ворид мегарданд.

Ногуфта намонад, ки пеш аз маркази ноҳия то НБО-и «Техарв» хати интиқоли барқи дараҷаи эътимоднокиаш пасти 10-киловолта мегузашт, ки ҷиҳати масофаи тӯлонии 26-километра доштанаш қисми қувваи барқ талаф меёфт. Аз ин рӯ бо мақсади баланд бардоштани эътимодияти барқтаъминкунӣ ва кам кардани талафоти барқ сохтмони хати нави  шиддатнокиаш баландтари 35-киловолта оғоз карда шуда, тайи моҳҳои наздик ба анҷом расонда хоҳад шуд.

Кумаку дастгирии ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат дар ҳамкорӣ бо Ширкати «Помир Энерҷӣ» ва худи мардуми маҳаллӣ имкон дод,  ки лоиҳа сари вақт ва бо сифати баланд  ба иҷро расонда шавад.

«Ба кор даромадани Неругоҳи хурди барқи обии «Техарв» боз як қадами дигар моро ба касби истиқлолияти пурраи энергетикӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон наздиктар гардонд. Итминон дорам, ки бо оғози фаъолияти неругоҳҳои «Андарбак» бо иқтидори 350кВт ва «Мотравн» бо иқтидори 300кВт дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ, «Оқ-Су» бо иқтидори 1,5 ҳазор кВт дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ва неругоҳҳои барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 ҳазор кВт дар ноҳияи Роштқалъа пурра ба ин ҳадафи стратегӣ хоҳем расид. Бо мавриди истифода қарор додани НБО-и бузургтари «Санобод»  бо иқтидори 125МВт дар ноҳияи Рӯшон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба содиркунандаи қувваи барқ ба хориҷи кишвар табдил хоҳад ёфт»,-иброз дошт Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед.

Роҳбари марказии ширкати «Помир Энерҷӣ» Карим Хоҷа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумаку дастгирии ҳамешагӣ дар фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти бомароми нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки чун дар 15 соли сипаришуда ин шарикии боэътимод дар солҳои минбаъда низ бо мардуми меҳнатдӯсти Бадахшон хоҳад буд.

«Помир Энерҷӣ» — лоиҳаи  якҷояи Ҳукумати Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (ФАХЭР), Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байналхалқӣ мебошад. Арзиши аввалаи лоиҳа қариб 26,5 млн. доллари ИМА дар давоми 15 соли фаъолияти Ширкати «Помир Энерҷӣ» ба 53, 3 млн. расонда шуд, ки аз он 12,3 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали фаъолияти нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ тариқи шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсария (SECO) барои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ 7,7 млн. доллари ИМА ҷудо намуд.

Дар айни замон дар фасли зимистон 68%-и аҳолии вилоят аз ин кумаки иҷтимоӣ бархӯрдор аст, ки ин идомаи иҷрои яке аз вазифаҳо оид ба таъмин намудани қувваи барқи дастрас барои қисми камбизоати аҳолии ВМКБ мебошад.

Май 16, 2017 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд
Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид