Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистон: «Ман бо таъриху фарҳанги тоҷикон шиносам ва ба он арҷ мегузорам»

Май 16, 2017 11:21

ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадов, ки бо сафари корӣ дар ҳайати намояндагон бо  Роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов ба вилояти Суғд рафта  буданд, аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал овард.

Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хаҷанд хабар доданд,  зимни мулоқот ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода ба Муҳаммад Муҳаммадов роҷеъ ба фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ маълумоти мухтасар дод.

Муҳаммад Муҳаммадов аз намоиши китоб ва маҳсули эҷоду ҳунари  устодону донишҷўёни донишгоҳ боздид карда, аз ҷумла гуфт: «Тоҷикон яке аз халқҳои қадимии минтақаи Осиёи Марказӣ  буда, хушбахтона, урфу одат ва анъанаҳои аҷдодони онҳо то имрўз пойдор аст. Ман бо таъриху фарҳанги тоҷикон шиносам ва ба он арҷ мегузорам».

Ҷамшед Ҷўразода чун рамзи эҳтиром китобҳои устодон ва дигар туҳфаҳои хотиравиро ба Муҳаммад Муҳаммадов тақдим намуд.

 

Май 16, 2017 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид