Вазорати корҳои дохилӣ: 6 садамаи нақлиётӣ бо иштироки донишҷӯён сар задааст

Май 8, 2017 17:18

ДУШАНБЕ, 08.05.2017/АМИТ  «Ховар»/.  Дар 4 моҳи соли равон 313 донишҷӯ ба макотиби олӣ бо мошинҳои шахсӣ рафта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудаанд. Дар ин бора Умарҷони Эмомалӣ, котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба иттилои номбурда, аксарияти ин донишҷӯён  асосан бо сабаби набастани тасмаи бехатарӣ, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва бо телефони мобилӣ суҳбат кардан ҳангоми идораи мошин айбдор шудаанд.

«Дар соли равон 6 садамаи нақлиётӣ бо иштироки донишҷӯён рух дода, 1 нафар ҳангоми садама фавтидааст ва 5 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд»,- афзуд котиби матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Май 8, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд