Вохӯрии коршиносон оид ба ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ дар Душанбе

Май 24, 2017 09:03

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе вохӯрии коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳоои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба омодагии ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ, ки баргузории он ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ коршиносони  Политсияи Ҷумҳурии Арманистон, вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Федератсияи Россия, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ иштирок намуданд.

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода иброз дошт, ки байни иштирокчиёни вохӯрӣ   доир ба ҳолати мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, баррасии ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр шуд, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви ИДМ лоиҳаҳои як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанде аз  санадҳо мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

 

 

Май 24, 2017 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд