Дар Суди конститутсионӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад баргузор карда шуд

Июнь 16, 2017 11:31

ДУШАНБЕ, 16.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазоратҳои адлия, мудофиа, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин олимону устодон, донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ҳамоиш баргузор карда шуд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ иттилоъ медиҳад.

Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода ҳангоми суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин зикр кард: «Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба масири ниҳоят мураккаби таърихӣ ворид гардида, бар асари омилҳои мухталиф дар ҷумҳурӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Тамоми соҳаҳои ҳаётии ҷомеа фалаҷ гардид, давлатро бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ фаро гирифт. Дар натиҷа як қисми аҳолӣ аз тарсу ҳарос ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд, миллат ва давлатро хатари парокандашавӣ таҳдид кард».

«Танҳо ба шарофати заҳматҳои пайгирона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш ва миллати тоҷик аз хатари парокандашавӣ раҳо карда шавад», — таъкид кард М.Маҳмудзода.

«Пас аз он ки ҳамаи муҳоҷирони иҷборӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватан ва манзилҳои худ баргардонида шуданд, Тоҷикистон ба маҷрои рушду инкишоф дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардид», — тақвият дод суханони худро раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон.

Содиқ Шоназаров, мушовири калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, ки дар ҳамоиш иштирок дошт, зимни маърӯзаи худ аз таърихи давлатдории миллати тоҷик ёдовар шуда, оид ба ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-ум, ҳадафҳо ва ғаразҳои бадхоҳони миллату давлати тоҷик ба таври муфассал ибрози назар кард.

«Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, барои таҳкими пояҳои ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар мусоидат намуда, имкон фароҳам овард, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ муназзаму мураттаб гардад, мамлакат аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба муваффақиятҳо ноил шуда, бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасана барқарор кард», — гуфт Содиқ Шоназаров.

Мавриди зикр аст, ки маҳз пойдории сулҳу субот барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи давлатдории навин, сарҷамъӣ ва иттиҳоди миллат, амалисозии ҳадафҳои конститутсионии давлати иҷтимоӣ ва татбиқи вазифаҳои стратегии давлат мусоидат кардааст.

Иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар вазъияти мураккаби сиёсӣ бо саъю талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ба имзо расонида шуд, ки дар таҷрибаи замони муосир падидаи нодири ба миён овардани сулҳу оромӣ ба шумор рафта, аз нигоҳи ҳуқуқӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷонибаи доираҳои гуногуни ҷаҳон  қарор гирифтааст.

Акрам САНГЗОДА

Июнь 16, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд