Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Арманистон

Июнь 15, 2017 11:15

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ “Ховар”/. 14 июни соли 2017 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Арманистон баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани ин ҳамоиш муаррифии имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ, рушди ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию молиявӣ, ҷалби сармоя барои таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, боло бурдани ҳачми гардиши молу маҳсулот ва дарёфти шарикони нав ба хотири равобити дуҷониба мебошад.

Дар рафти ҳамоиши тиҷоратию соҳибкорӣ аз ҳар ду ҷониб имкониятҳои фарохи ҳамкории оянда, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таъсиси коргоҳҳои муштараки коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои ҳамдигар, истифодаи имкониятҳои муфиди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди бахши сайёҳӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар ҷараёни кори форум ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин аъзошавии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз баррасӣ шуд.

Аз руйи натиҷаҳои кори форуми тиҷоратӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Арманистон дар маҷмуъ 8 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум байни Биржаи Фондии “Осиёи Марказӣ” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Биржаи Арманистон” оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар биржа ва табодули иттилоъ, Созишнома байни корхонаи “Силкоат бойяи Суғд” ва Ширкати армании “Санасарян” дар бораи дастрас кардани маҳсулоти рангуборкунӣ, Ёддошти тафоҳум байни ҶДММ “Баракати Исфара” ва ҶДММ “Сонагро”-и Арманистон дар бораи дастрас кардани меваҳои хушк ва чормағз, Ёддошти тафоҳум байни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Арманистон “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди маъданҳои куҳӣ”, Ёддошти тафоҳум байни ҶДММ “Баракати Исфара” ва ҶДММ “Овали пластик”-и Арманистон барои ба Тоҷикистон дастрас кардани зарфҳои пластикӣ, Созишнома байни КВД “Талко” — и Тоҷикистон ва Донишкадаи славянии Россияву Арманистон “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди ашёи хоми хокаи алюминий”, Ёддошт байни ҶДММ “Тоҷиктур” ва ҶДММ “Аспар вилд тур”-и Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм  ва Ёддошти тафоҳум байни ҶСК “Кафолат”- и Тоҷикистон ва ҶДММ “Снабтур”-и Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Арманистон боз як қадами устувор дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар буда, барои тақвияти гардиши мутақобилаи савдои хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам месозад.

Июнь 15, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид