Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 26 июн таҷлил мегардад

Июнь 22, 2017 13:53

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи душанбе, 26 июн таҷлил мегардад. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор гардид, қарори дахлдор қабул кард.
Ҳамин тариқ, рӯзи душанбе 26 июн соати 6:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид барпо мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 27 май оғоз гардида, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 22950 сомонӣ муқаррар шуда буд, ки аз он 575 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи Фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян гардидааст. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазон барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва беморон ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар гардидааст.
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Иди Рамазон, 26 июн рӯзи истироҳат эълон карда шудааст.

Июнь 22, 2017 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд