Ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар КВД «Обу корези Душанбе»

Июнь 21, 2017 18:31

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар арафаи таҷлил аз 20-умин  солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами   Эмомалӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба ифтитоҳи истгоҳи филтратсионӣ дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъшаванда»-и КВД «Обу корези Душанбе» заминагузорӣ кард. Раиси шаҳр бо пахши тугмаи идора ба фаъолияти обполакҳои зудамали регӣ ибтидо гузошт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ дар пойтахт  оғоз гардида буд.

об шахр1

Маблағи умумии лоиҳа 5 миллиону 970 ҳазор доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 1,32 миллион долларро ҳиссаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва боқиро гранти Бонки ҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ месозад.

Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассисони ширкати «Шимбар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва дар мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ  анҷом дода шудааст.  Обполакҳо бо истифодаи навтарин технологияи соҳа сохта шуда, ин аввалин таҷриба дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни боздид аз истгоҳи филтратсионӣ Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба баланд бардоштани дараҷаи бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ ҷалб намуд.

Иншооти мазкур аз се ошёна ва даҳ ҳавзи обполӣ иборат мебошад, ки як бартарияти дигари лоиҳаро дар самти ихтисори майдони ҷойгиршавӣ ва коркарди хубтару беҳтари оби ошомиданӣ ифода мекунад.

об шахр 3

Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтазами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ ҳавзи танзими шабонарўзии КВД «Обу корези Душанбе»  аҳамияти калон дорад. Он аз се ҳавзи ҷудогонаи обҷамъкунӣ бо ғунҷоиши аз 330 то 380 ҳазор метри мукааб об иборат мебошад.

Дар коркарду безараргардонии оби барои муштариён интиқолшаванда, коргоҳи истеҳсоли гипохлориди натрий ҳам нақши асосӣ дорад. Дар ин коргоҳ, ки бо технологияи муосири олмонӣ ва чинӣ муҷаҳҳаз шудааст, миқдори лозимаи  гипохлориди натрий — маҳлул барои безараргардонии оби ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар коргоҳ се хати истеҳсолӣ васл гардидааст ва  маводи зарурӣ дар марҳилаҳои ҷудогона, аз ҷумла омода кардани намакоб ва тоза кардани он аз дигар пайвастагиҳои химиявӣ омода мешавад. Бино ба ҳисоби мутахассисон, солона барои коркарди пурраи оби ошомидании аҳолии шаҳри Душанбе аз 550 то 600 тонна намак истифода мегардад.

ОБ шахр

 

 

Июнь 21, 2017 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд