Игор Лякин-Фролов: «Агар кӯҳу дарёҳо ва ҳавзу кӯлҳои асроромези Тоҷикистон бештар ташвиқ шаванд, соҳаи сайёҳӣ ба яке аз риштаҳои сердаромади кишвар табдил меёбад»

Июнь 22, 2017 15:55

ХОРУҒ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов  пас аз суҳбат бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз Маркази итилоотии Ассотсиатсияи эко-фарҳангии Помир, ки соли гузашта дар Боғи фарҳангии шаҳри Хоруғ бунёд ёфт, дидан намуд.

Дар ин ҷо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳама гуна маълумот оид ба таърих, ҷуғрофия, расму анъана, фарҳанг, мавзеъҳои ҷолибу диданӣ ва маҳсулоти дастии косибону бофандагон, дуредгарону ресандагони маҳаллӣ дар шакли чопию тасвирӣ  ба намоиш гузошта шудаанд. Дар марказ чанд дӯконе мавҷуданд, ки ба сайёҳон  ҳунарҳои дастӣ ба шумули ҷӯробу тоқӣ, бозичаҳои кӯдакона аз пашму пӯст, муҳраву дастпонаи занона аз сангҳои ороишӣ, либосҳои миллии занонаву мардона ва амсоли инҳо пешниҳод мекунанд.

Сафири Россия дар Тоҷикистон пас аз тамошои Марказ гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони рус ба Тоҷикстон, аз ҷумла Бадахшон бештар шудааст. Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги ҷаҳонгардӣ аст ва агар мутахассисони ширкатҳои сайёҳӣ  аз технологияи муосири коммуникатсионӣ ба таври оқилона истифода баранду ин кӯҳу дарёҳои пурхурӯш, ҳавзу кӯлҳои асроромез ва  расму сунатҳои ҷолибро ҳарчи бештар ташвиқ кунанд, ҳамон қадар зудтар соҳаи сайёҳӣ ба яке аз риштаҳои сердаромади кишвар табдил меёбад. Сафир гуфт, ки баъди бозгашт ба шаҳри Душанбе кӯшиш хоҳад кард, ки   як коршиноси соҳибтаҷрибаи риштаи сайёҳиро аз Федератсияи Россия барои ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи эко-фарҳангии Помир ҷалб кунад.

Сафир баъди тамошои Боғи ботаникии Помир, ки баландии он аз сатҳи баҳр 3500 метр аст  ва пас Боғи Непал дар ҷаҳон мақоми дуввумро ишғол мекунад, ба чашмаи шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро, ки дар яке аз деҳоти дурдасти ноҳияи Ишкошим, дар канори қалъаи маъруфи Қаҳа-Қаҳа ҷойгир аст, сафар намуд.

Сафири Россия дар Тоҷикистон бо сафари дурӯза ба шаҳри Хоруғ омадСафири Россия дар Тоҷикистон бо сафари дурӯза ба шаҳри Хоруғ омад _1

Июнь 22, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид