Китоби тозанашри олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дасти хонанда расид

Июнь 10, 2017 11:06

ДУШАНБЕ, 10.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Китоби тозанашри олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа» ба дасти хонанда расид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуд, дар китоб таҳқиқоти пурарзиши олимони шинохтаи тоҷик дар мавриди Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисод, забон, фарҳанг, илм ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Муаллифон-академикҳо Ф. Раҳимӣ, К. Олимов, Ф. Тоҳиров, профессорон А. Муҳаммад, Х. Идиев, Ҷ. Маҷидзода, М. Маҳмадҷонова ва дигарон кӯшиш намудаанд, ки дар ин китоб маҷмӯи мақолаҳои ба таҳкими Ваҳдат бахшидашударо, гирд оваранд.

Аз ҷумла, дар яке аз саҳифаҳои китоб омадааст: «Барои расидан ба Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик аз имтиҳонҳои бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».

Дар ҷойи дигар таъкид шудааст: «Фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм,  эктремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад».

Олимони тоҷик дар ин асар яке аз масъалаҳои муҳиму арзишмандро аз ҳамеша ҳушёру зирак будан, ба ҳар гуна дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардидан, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонидан  вобаста донистаанд.

Хонандагон, хусусан насли ҷавон метавонанд, ки аз мақолаҳои дар ин китоб ҷамъоваришуда оид ба Ваҳдати миллӣ маълумоти дақиқ, саҳеҳ ва фаровонро дарёфт намоянд.

 

Июнь 10, 2017 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
12 снаряд ба абрҳои жолазои манотиқи гуногуни Тоҷикистон партоб шуд
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд
Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид
Бар асари бориши шадид дар Танзания беш аз 50 нафар ҳалок шуд