Конференсияи байналмилалӣ дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ба кори худ оғоз кард

Июнь 15, 2017 14:24

ДУШАНБЕ, 15.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ба кори худ оғоз кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар оғози кори конференсия ректори Донишгоҳ Муҳаммадюсуф Имомзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, Ваҳдати миллиро бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз арзишмандтарин ва нодиртарин дастоварди миллати тоҷик унвон кард.

Дар назар аст, ки конференсия ду рӯз идома ёфта, дар кори он олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, вакилони мардумӣ, муҳаққиқон, судяҳо, прокуророн, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони муассисаҳои олии касбӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд.  Дар баробари донишмандони ватанӣ, ҳамзамон мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Авакян Сурен низ иштирок ва маърӯза хоҳад кард.

 

 

 

 

Июнь 15, 2017 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад