Маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Июнь 23, 2017 09:19

ДУШАНБЕ, 23.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар китобхонаи вилоятӣ ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур устодони донишгоҳҳову донишкадаҳои шаҳри Кӯлоб, муаллимону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, олимону шоирон ва ҳаводорони шеъру суруд иштирок намуданд.

Дар маҳфили «Шоҳномахонӣ» устодону хонандагон ва шоирон бо як маҳорати баланд аз Шоҳномаи безаволи А. Фирдавсӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Ҳамчунин  дар қасмати фарҳангӣ саҳначаҳо ва сурудҳо дар иҷрои толибилмон манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Июнь 23, 2017 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст