Ошкор гардидани 855 адад телефонҳои мобилии бо роҳи қоҷоқ воридгардида

Июнь 23, 2017 09:49

ДУШАНБЕ, 23.06.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони  мақомоти гумруки Тоҷикистон дар  панҷ моҳи соли равон  855 адад телефонҳои мобилӣ, ки бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, ошкор гардид. Гуфта мешавад, ки нисбат ба  қонунвайронкунандагон як парвандаи ҷиноятӣ ва се парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад,  ки дар ин давра якчанд  ҳолатҳои марбут ба воридоти молҳои зераксизӣ, аз ҷумла  наздик ба 310 килограмм маснуоти заргарӣ, 2,3 миллион литр сӯзишвории дизелӣ ва ду адад воситаи нақлиёт ошкор гардид. Инчунин дар ин давра беш аз 4,9 миллион сомонӣ молҳои гуногун ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.

Ҳамзамон дар зарфи панҷ моҳи соли равон аз воридоти ғайриқонунии  маҳсулоти қаннодӣ, шакар, равғани растанӣ, меваи хушк, доруворӣ  ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал  ҷилавгирӣ гардид. Дар натиҷа 826 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Маблағи умумии ҷарима 915,7 ҳазор сомониро ташкил дода, ба андозаи  527,4 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.

 

Июнь 23, 2017 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид