Рӯдакӣ: Гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ мешавад

Июнь 22, 2017 15:40

РӮДАКӢ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ барои пешгирии роҳҳои гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу   ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин иштирок дар набардҳои хунини ДИИШ  ҷамъомад доир гардид.

Дар  ҷамъомад падару модарони  ҷавононе, ки дар айни замон дар ин набардҳо иштирок доранд, аз ҳаёти  фарзандони гумроҳашон қиссаҳо намуда, аз ҷавонону наврасон даъват карданд, ки фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини ин гурӯҳҳо нашаванд.

Таъкид гардид, ки пайравони ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсади нопоки худ тамоми усулҳои ҷалб карданро истифода мебаранд. Аз ин  хотир, моро зарур аст, ки ҳушёр бошем ва аз пайвастани ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи ҷомеа ба ин гурӯҳҳо ҷилавгирӣ намоем.

 

Июнь 22, 2017 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияи иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст