«Шариати исломӣ ба киҳо хӯрдани рӯзаро иҷозат медиҳад?»- фатвои раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода

Июнь 2, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 2.06.2017. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июн яке аз моҳҳои гармтарини сол ба ҳисоб меравад. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар дар ин моҳ баландшавии ҳарорати аз меъёр баландро пешгӯӣ мекунанд. Илова бар ин, имсол моҳи шарифи Рамазон ба яке аз моҳҳои гармтарини сол рост омадааст. Мувофиқи тақвими моҳи шарифи Рамазон ҳар як фарди мусалмон вазифадор аст, ки аз соати 3:15 то 19:55 аз хӯрдану нӯшидан  худдорӣ намояд, яъне рӯза бидорад. Мутахассисони тиб ба он нафароне, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд, фишорбаландӣ, меъда, ҷигар ва қалбанд, гирифтани рӯзаро тавсия намедиҳанд. Тавре онҳо изҳор намуданд, агар гирифторони ин беморӣ тӯли 17 соат нӯшокӣ ва ё ғизои муайян истеъмол накунанд, ба саломатии онҳо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳангоми суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» суханони мутахассисони тибро тақвият дода, изҳор намуд, ки Худованд дар ояти муборак фармудаанд, ки рӯзадорӣ барои ҳар фарди мусалмон фарз аст ва инсон бояд дар ҷараёни рӯзагириаш парҳезкору накӯкор шавад. Рӯзадорӣ як дарс, сабақу панд ва ибрату андарз додан ба инсонҳои гуногун аст. Паёмбари ислом (с) дар ҳадисаш мегӯяд, ки рӯзадорӣ нисфи сабр аст. Вақте инсон рӯза мегирад, дарси сабақу сабру таҳаммулро дар ҳаёт татбиқу амалӣ мекунад.  Рӯзадорӣ аз як тараф сабр бошад, аз тарафи дигар ҳис кардани гуруснагӣ ва ташнагӣ аст. Барои ҳамин Худованд аз соати муайян мусулмононро аз хӯрдану нӯшидан манъ мекунад, вале бояд зикр кард, ки ҳар ибодате боз истисноҳо дорад ва инсон бояд аз қоидаҳои он берун набарояд. Барои рӯза доштан бадани инсон бояд сиҳат, боқувват ва худи шахс ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман барои доштани рӯза ва тоб овардан ба эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ омода бошад. Аз ҳамин сабаб шариати ислом ба шахсоне, ки бемор ҳастанд ё шуғли вазнин доранд, дар сафар ҳастанд, ба ҷанговароне, ки дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунанд, ба гурӯҳи афроди махсус, ки ба сохтмони иморатҳо ва иншооти муҳим машғуланд, нақбканон, кишоварзон, деҳқонон, шоликорон, нонпазон, занони ҳомила ва ширдиҳандае, ки агар барои хеш ва кӯдакашон бими хатар дошта бошанд, иҷозат медиҳад, ки дар ин моҳ рӯза нагиранд. Дар сураи «Бақара» Худованд мефармоянд,  ки дар тамоми ибодатҳо ва дар рӯзадорӣ  барои шумо осонӣ мехоҳем. Модоме, ки ба рӯзадор, новобаста аз синну сол ва ҷинсият машаққат ва хатару бемории сахт таҳдид мекунад, шариати исломӣ ба он нафарон хӯрдани рӯзаро иҷозат медиҳад.

Мувофиқи суханони Саидмукаррам Абдулқодирзода, Паёмбари ислом (с) дар ҳадиси муборак мегӯянд, ки Худованди бузург аз мусофир рӯзаро бардошт ва нисфе аз намозро ҳам аз гарданаш соқит намуд.  Ҳамзамон барои модарони ҳомиладор, ки  рӯзадорӣ ба ҷисм ва тифли дар батнаш буда хатар таҳдид мекунад, модаре, ки тифли ширмак дорад, шариати исломӣ иҷозат медиҳад, ки рӯзаашро бихӯрад, то    тифли ширмакаш солиму бардам ба воя расад. Шариати исломӣ, хусусан мазҳаби ҳанафия, ки мо ҳамагӣ пайравӣ аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Собит (р) мекунем, ба сарбозон ва афсарон, ки барои амният ва оромии кишвар вазифадоранд, низ хӯрдани рӯзаро иҷозат додааст. Яъне, онҳо бояд ҳамеша бедор, ҳушёр, зирак ва қавӣ бошанд. Ин нафарон ҳамеша зери офтоби сӯзон қадам мезананду назорат мекунанд ва  ин ҳолат дар сурати рӯза гирифтан  метавонад онҳоро ба беморӣ ё нотавонӣ расонад. Дар ин ҳолат ҳатто шахси мутасаддӣ вазифадор аст, ки онҳоро маҷбур кунад, то  рӯзаашонро бихӯранд ва марзу бумро ҳимоя кунанд. Дар ин мавзӯъ дар китоби «Ҳошияи ибни Обиддин» бисёр ба тафсил гуфта шудааст. Дар китоб омадааст, ки ба нафаре ё гурӯҳе, ки дар натиҷаи доштани рӯза заифу нотавон мешаванд ва хавфу хатари ҳалок ё зарар ба ҷисмро доранд, иҷозат дода мешавад, ки рӯзаашонро бихӯранд. Ҳамзамон ба гурӯҳи афроди махсус, ки ба сохтмони иморатҳо ва иншооти хеле муҳим, аз ҷумла сохтмони иншооти бузурги НБО «Роғун», ки дар рӯзҳои хеле гарм кор кардан дар он ҷо вазнину пурмашаққат аст, шариати исломӣ ё мазҳаби Имом Абуҳанифа (р) иҷозат медиҳад, ки рӯза нагиранд. Чунки дар ин ҷо тарси ҳалок шудан ва ё заиф гардидани рӯҳу равону зеҳн вуҷуд дорад. Агар ҷараёни сохтмони он аз фаъолият бозмонад, зарари ҷиддӣ ба иқтисодиёти давлат ё мардум ворид мегардад.

Дар ҳақиқат илм ҳам исбот кардааст, ки агар гуруснагӣ аз ҳад зиёд шавад, инсонро ба заиф шудани ақл мебарад. Ин иҷозат ҳамчунин ба кишоварзон, шоликорон ва деҳқононе, ки ба кори саҳро машғуланд, дода мешавад. Агар онҳо ҳосилашонро ҷамъоварӣ накунанд, яксола меҳнаташон барбод меравад. Аз тарафи дигар, дар бозорҳо баландшавии нарх ба вуҷуд меояд ва ин ҳолат ба қаҳтиву гуруснагӣ ва камбудии ҷиддии ғизоӣ бурда мерасонад. Ба хотири таҳдид накардани ин гуна хатарҳо бо ҷомеа шариати исломӣ ба ин гуна ашхос хӯрдани рӯзаро иҷозат медиҳад. Дар баробари ин ба нонпазон, ки фаровонии нонро дар  бозорҳои кишвар, хусусан пойтахт таъмин мекунанд, иҷозат аст. Ин нафарон дар гармии зиёда аз 60-70 дараҷа  дар назди оташ нон мепазанд ва ба онҳо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ба нақбканон, ки дар зери замин, дар ҷое, ки норасоии ҳаво эҳсос мешавад, кор мекунанд, низ иҷозат дода шудааст. Вале ҳамаи ашхоси зикргардида барои рӯзаи хӯрдагиашон дар вақти муносиб қазо медоранд.

Ба таъкиди муфтии кишвар, дар бораи ҷоиз набудани рӯза ба шахсони зикргардида дар китоби муқаддаси Қуръон гуфта шудааст. Дар ҳақиқат инсонҳое, ки ин узрҳои шаръӣ ва воқеӣ доранд, барои онҳо шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ сабукиҳо додааст ва аз ин сабукиҳо бояд мақсаднок истифода шавад.

Раиси Шӯрои уламои кишвар ҳамчунин зикр намуд, ки набояд фаромӯш кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода парҳезгорӣ, покизагӣ, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кумак кардан ба бародарони худ аз рӯи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накӯ ва неру бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигарро дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда, зарур медонад, ки инсонҳо бояд рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ созанд.

Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Дар ин бобат Пайғамбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Дар робита ба ин Раиси Шӯрои уламо изҳор намуд, ки садақа додан танҳо бо додани пулу мол маҳдуд намешавад. Он маънии васеъро дарбар мегирад. Чунончӣ, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус таъкид намудаанд: «Табассуми ту ба рӯи бародари муъмин бароят садақа аст. Ба кори нек амр кардану аз кори бад боздоштани дигарон садақа аст. Шахси роҳгумзадаро роҳ нишон додан садақа аст. Дар муқобили шахси бадкор сабр намудан садақа аст. Санг, хорро аз сари роҳ дур кардан садақа аст. Рехтан (об, равған, сӯзишворӣ…) аз зарфи худ ба зарфи бародари муъминат садақа аст».

Масъалаи дигаре, ки атрофи он суҳбат рафт, ин маъракаи оростани ифтор буд. С. Абдулқодирзода зикр кард, ки Худованд исрофкориро дар тамоми ҳолат манъ кардааст ва исрофкоронро бародари шайтон хондаанд. Агар инсоне, ки дар ин моҳи муборак ба шахсони ниёзманд, камбизоат ва гурусна ифтор медиҳад, албатта, подоши бузург дорад. Вале додани ифтор ҳам бояд дар чаҳорчӯбаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирад.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар интиҳои суҳбат дар Соли ҷавонон аз ҷавонон даъват намуд, ки ба омӯхтани илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар ва илму маърифат рӯ биоранд. «Тавре мебинем, имрӯз гурӯҳҳои террористию эктремистӣ бо ҷалби ҷавонон авзои кишварҳоро ноором сохта, ҳазорҳо мардуми бегуноҳро сарсону саргардон мекунанд.  Ҷавонони сарбаланди тоҷик бояд аз ин нооромиҳо дарси ибрат бигиранд, дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд ва нагузоранд, ки бадхоҳон нақшаҳои худро дар кишвари мо амалӣ намоянд»,-илова кард Раиси Шӯрои уламо.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Июнь 2, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт