Таҷлили Ҷашни Ваҳдати тоҷикон дар Федератсияи Россия

Июнь 26, 2017 11:01

ДУШАНБЕ, 26.06.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Бо мақсади истиқболи сазовори 20-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои миллатамон ба шумор меравад,  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, дар асоси он дар ҳамкорӣ бо Сафорат, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Россия  силсилаи вохӯрию мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию маърифатиро ташкил ва баргузор менамояд. Дар ин бора Иброҳим Аҳмадов -котиби матбуоти намояндагӣ иттилоъ дод.

Дар яке аз вохӯриҳо, ки дар маркази савдои «Москва»-и пойтахти Федератсияи Россия  доир шуд, дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти он дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан рафт. Зикр гардид, ки маҳз сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ, ки миллати тоҷик ба он бо нархи гарон муяссар шудааст, заминаи асосии рушду инкишофи давлати мо ба шумор меравад. Дар ин давра миллати тоҷик, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиро паси сар намуда, ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати тоҷикон, ба сифати субъекти мустақил дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ҷойгоҳи худро дар муносибатҳои байналмиллалӣ муайян сохт.

Дар ҷамъомаде, ки бо ибтикори Намояндагӣ ва Ҷамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск «Дружба» ба муносибати 20-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, роҳбарон ва фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии минтақа ширкат намуданд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Новосибирск зимни суханронияш иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо ҳамаи ҳамватанонро, ки имрӯз дар минтақа  кору зиндагӣ мекунанд, табрик намуда, Ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои муҳим барои миллати тоҷик арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки ин ҷашни фархунда, ки  бо ташаббус ва ибтикори фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст, бояд аз ҷониби ҳар як фарди ватандӯст бо шукргузорӣ қадрдонӣ шавад ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, сарфи назар аз он ки дар куҷо  кору зиндагӣ мекунад, бояд дар таҳкими арзишҳои он саҳмгузор бошад.

Иштирокдорони ҷамъомад аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан намуда, омодагии худро бобати саҳмгирӣ дар таҳкими минбаъади ваҳдату ягонагӣ ва рушду тараққиёти кишвар изҳор намуданд.

Чорабиниҳо бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Хабаровск, Владимир, Твер ва ғайра низ доир мегарданд.

27 июн дар шаҳри Москва ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар бо ширкати намояндагиҳои расмӣ, олимону коршиносони хориҷӣ, аҳли зиёи тоҷикони бурунмарзии муқими Россия, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва намояндагони ВАО баргузор мешавад. Чорабинӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират гузаронида хоҳад шуд.

 

Июнь 26, 2017 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт