«Ваҳдат бақои миллат»-конференсияи назариявӣ –илмӣ

Июнь 21, 2017 17:50

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдат бақои миллат»-таҳти чунин унвон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури олимони соҳаи таърих, ҷомеашиносон,  вакилони Парлумон, вакилони шаҳрӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ  конференсияи назариявӣ –илмӣ баргузор гардид.

Конференсия бо ибтикори Кумитаи дар шаҳри Душанбе будаи  Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 20-умин солгарди ба имзо расонидани санади муҳим ва барои миллати  тоҷик сарнавиштсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Зикр шуд, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барои мардуми кишварамон дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихӣ буда, бо заҳматҳои зиёд ва хиради азалӣ ба даст омадааст.

Дар конференсия олимону коршиносон дар мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ:-назаре ба таърих ва дастовардҳо», «Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дастоварди беназири халқу миллати тоҷик» ва дигар паҳлуҳои ба имзо расонидани санади таърихии сулҳи тоҷикон ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки  ҳифзи сулҳу суботи кишвар дар шароити феълӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин дастоварди беназирро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Июнь 21, 2017 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт