Зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Красноярски Россия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн хоҳанд гирифт

Июнь 12, 2017 10:05

ДУШАНБЕ, 12.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикони вилояти Красноярски Федератсияи Россия дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаро ба дӯстиву бародарӣ даъват менамоянд. Зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар   ин вилоят   кору фаъолият доранд, ин рӯзро таҷлил хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»   муовини раиси «Пайванд» (ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск)  Ҳазаралӣ Асламов иттилоъ дод.

Номбурда зикр намуд, ки  «дар вилояти Красноярск зиёда аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд.  Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск соли 1997 таъсис ёфта, дар он 15 ҳазор нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд».

Ба гуфти Ҳ. Асламов, « соли 2011 дар назди ҷамъият як Маркази ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои ин ҷо таҳсил мекунанд, таъсис дода шуд. Дар чорабиниҳои ин марказ   130 нафар ҷавонони тоҷик фаъолона иштирок мекунанд, ки аз онҳо 50 нафарашон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Красноярск таҳсил доранд».

«Ҳамаи чорабиниҳои ҷашние, ки баргузор мегарданд, дар якҷоягӣ бо ин Марказ гузаронида мешавад. Ҳамчунин  ҳамаи анъанаҳои миллӣ, аз қабили тўйи домодиву арусӣ ва хатнасур дастаҷамъона гузаронида мешаванд», — изҳор дошт Ҳ. Асламов

Тавре ӯ зикр намуд, ҷамъияти тоҷикони Красноярск иқдоми некро пеша карда,    ҳамасола зимни истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон ба дармондагон ва бошандагони хонаи ятимони вилоят сару либос ва хӯрока кӯмак менамоянд.

 

 

Июнь 12, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд