Аз интиқоли ғайриқонунии 2,5 миллион рубли русӣ ба Россия ҷилавгирӣ карда шуд

Июль 21, 2017 08:29

ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шаҳрванди 33-солаи  ҷумҳурӣ М.А. мехост, ки 2,5 миллион рубли русиро ғайриқонунӣ, бидуни пур кардани  эъломия ва санади тасдиқкунанда   бо роҳи ҳавоӣ ба Россия барад. Вале ин амали ғайриқонунии ӯ аз ҷониби  кормандони мақомоти гумрук ва Прокуратураи  нақлиёти кишвар ҳангоми гузаронидани  назорати гумрукӣ  дар бағоҷ ва бори дастии  мусофирони хатсайри Душанбе -Москва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ошкор  гардид.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  шаҳрванд М. А. бо ин амали худ сӯиқасд ба  ҷинояти тибқи моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар ашёҳо ба миқдори калон бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ва декларатсия накарданро содир намудааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба шаҳрванд М. А. бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Июль 21, 2017 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст