Академияи илмҳо ба барқароркунӣ ва мавриди истифодаи минбаъда қарор додани реактори ядроии «Аргус- ФТИ» шурӯъ кард

Ноябрь 23, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 23.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои барқарор кардан ва мавриди истифодаи минбаъда қарор додани реактори ядроии «Аргус-ФТИ» ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, тайёр кардани мутахассисон барои ректорҳое, ки дар кишварҳо ҳастанд, фаъолият ва самаранокии онҳо дар Ҷаласаи 18 Комиссияи кишварҳои аъзои ИДМ оид ба истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта имрӯз дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи навбатӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон доир гардид,  роҳбарони мақомоти ИДМ, ки дар ин самт фаъолият доранд, ҷамъ шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоиштаро муҳокима намуданд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ин ҷамъомад барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст.  Зеро дар он  масъалаи барқарор гардидан ва мавриди истифодаи минбаъда  қарор додани реактори ядроии  «Аргус-ФТИ», коркарди ҳуҷҷатҳои техникӣ нисбат ба бехатарӣ ва ба танзим даровардани қонунгузории миллӣ, мутобиқ намудани онҳо ба фаъолияти реактори «Аргус-ФТИ» бо истифода аз таҷрибаи ҳамкасбони худ баррасӣ шуданд.

 Фарҳод Раҳимӣ дар ин бора чунин изҳори андеша кард: «Дар ҷаласа Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он фаъолияте, ки бо истифодаи реактори «Аргус-ФТИ» анҷом дода мешавад, танҳо бо мақсадҳои осоишта ва дар чорчӯбаи  ташкилотҳои байналмилалӣ равона хоҳад шуд.  Дар базаи реактори ядроии «Аргус», ки ба фаъолият шурӯъ  кардани он соли 2020 дар назар аст, мо метавонем корҳои илмӣ-татқиқотии муштарак ба роҳ монем, ки он ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам барои осоиштагӣ равона мешавад».

Дар ин росто, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқотӣ-ҳастаии «Аргус — ФТИ» барои солҳои  2016-2020»  қабул гардидааст, ки мақсади асосии он барқарор  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори маҳлулии ҳастаии «Аргус — ФТИ» мебошад. Тибқи барнома, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Дар робита ба ин президенти Академияи илмҳо зикр намуд, ки аллакай теъдоди муайян дар марказҳои ядроии Федератсияи Россия ба таҳсил шурӯъ карда, ду нафар бомуваффақият онҳоро хатм карда баргаштанд.

Ба маълумоти Фарҳод Раҳимӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ боз як гурӯҳи кории  дигар аз Ташкилоти байналмилалии неруи атомии МАГАТЭ ҳузур доранд ва онҳо низ омодагии худро ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон барои реактори «Аргус-ФТИ» изҳор намуданд. «Хушбахтона, соли 2017 мо тавонистем 6 нафарро  тавассути ин ташкилот ба курсҳои гуногун фаро гирем ва аз соли 2018 то 2021 бо кумаки МАГАТЭ мо метавонем тақрибан боз 25 нафар мутахассисонро омода кунем»,-илова намуд ӯ.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳанӯз соли 1982 бо мақсади иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар назди иқтисодиёти Тоҷикистони шӯравӣ меистод, қарор қабул гардид, ки дар ҷумҳурӣ Маркази таҳлилӣ-ядроӣ таъсис дода шавад. Маркази мазкур мебоист корҳои зиёди таҳлилиро, ки барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи кишвар пешбинӣ гардида буданд, ба анҷом расонад. Рушди иқтисодиёти кишвар тақозо менамуд, ки барои пешбурди истеҳсолоти ватанӣ корҳои таҳлилӣ дар самти истеҳсоли моддаҳои тоза, фавқуттоза ва нав, геология, саноати кӯҳӣ, экология ва кишоварзӣ таҳқиқоти таҳлилӣ-ядроӣ ба роҳ монда шаванд.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон  дар даврони соҳибистиқлолӣ ба истифодаи технологияҳои муосир сахт алоқаманд мебошад. Вобаста ба ин, ба зиммаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба зудӣ барқарор кардан  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта ба манфиати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон истифода намудани реактори маҳлулии ядроии «Аргус — ФТИ», ки охири солҳои 80-уми асри XX насб гардида, вале корандозӣ нашуда буд, гузошта шудааст.
Зарурати таъмини иқтисодиёт ба чунин навъи корҳои таҳлилӣ боис гардид, ки дар кишвар чунин Маркази таҳлилӣ-ядроӣ дар асоси манбаи афканишоти пурқуввати муосир сохта шавад. Ҳамин тавр дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳо, ки дорои масоҳати зарурӣ ва иқтидори  кадрии мувофиқ буд, реактори маҳлулии «Аргус», ки метавонад дастаи дорои зичии зиёди нейтрониро истеҳсол намояд, васл шуд. Реактори «Аргус» дастгоҳи сода ва хеле дақиқ буда, аз ҷиҳати экологӣ безарар ва барои аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонидан имконпазир аст.
Ба нақли Фарҳод Раҳимӣ, реактори «Аргус» аввалан самтҳои фаъолияти бисёрҷабҳа дошта, метавонад дар як вақт зиёда аз 40 вазифаи илмиро иҷро кунад. Баъдан, таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур ва муфид аст, ки мо имрӯз ба он эҳтиёҷ дорем.

Инчунин бо истифода аз реактори «Аргус», ки нурафканиши нейтронӣ дорад, наноплёнкаҳоро низ ҳосил намудан мумкин аст, ки онҳо дар соҳаҳои нанотехнология, тиб, микробиология ва бахшҳои дигар талаботи зиёд доранд.
Солҳои охир маълум гардид, ки истифодаи реактори мазкур махсусан дар соҳаи тиб хеле фоидаовар аст. Ҳоло бо истифода аз ин реактор усули истеҳсоли радионуклид-изотопҳои молибден-99 ва стронсий-99, ки даври нимкоҳишашон якчанд шабонарӯз мебошад, коркард гардидааст. Ин радионуклидҳо барои ташхиси  барвақтии касалиҳои онкологӣ хеле муфиданд ва дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд доранд. Дар ҷаҳон ҳамагӣ 4 реактор ба истеҳсоли ин изотоп машғул аст.

Фарҳод Раҳимӣ оид ба вазъи техникии реактор гуфт, ки соли 2014 аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ вазъи реактор мавриди омӯзиш қарор гирифт ва баъди хулосаи онҳо маълум гардид, ки барқарорсозии он аз ҷиҳати техникӣ имконпазир аст.

Дар сурати ба фаъолият пардохтан ин реактор  метавонад пурра ба истеҳсоли изотопҳои тиббӣ шурӯъ кунад.

Ноябрь 23, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд