«Қасри Арбоб – ошёне, ки Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил дод» — шарҳи матбуот

Ноябрь 16, 2017 14:55

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мундариҷаи шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (14.11.2017, 232) аз мақолаҳои таҳлилии «Иҷлосияи XVI – ҳидоят ба сӯи ҷомеаи мутамаддин», «Қасри Арбоб – ошёне, ки Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил дод» (ба муносибати 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), маводи муаллифии «Аз табори хирад» (ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), навиди хуш «Меҳргон, ЮНЕСКО онро ҳамчун фарҳанги ғайримоддӣ ба қайд гирифт» ва дигар хабару гузоришҳо ва маводи ҷолиб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат иборат ёфтааст.

Соли 2018 дар  шаҳри Душанбе панҷ ҳамоиши сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ: Саммити сарони давлатҳои узви ИДМ, Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, — омадааст дар хабари муфасали нашрия. Вобаста ба ин Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукоти чорабиниҳои мазкур Қ.Расулзода зимни ҷаласаи якҷоя ба аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута изҳор намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мусоҳибаи дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» чопшуда бо сарлавҳаи «Пайвандони Ҳайдар Қосимов: Қатли Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳалқае дар занҷири кушторҳои чеҳраҳои саршинос аз ҷониби наҳзатиҳост» бознашр шудааст. Мусоҳибон аз воқеаҳои пурдаҳшати солҳои 1992-1993, қатли шахсони бегуноҳ ва аз аҳолӣ ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағҳои пулӣ аз ҷониби наҳзатиён дар ноҳияҳои Қумсангиру Панҷ бо далелҳо нақл кардаанд.

«Ҷумҳурият» (15.11.2017,№233)  дар рубрикаи «Сухани рӯз» суханони таърихии собиқ Муншии умумии СММ Бутрос Ғолиро, ки соли 1992 гуфта буд, нашр кардааст: «Мамлакатҳои аъзои СММ бо диққати том ба кори Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо аксарияти кулли овозҳо Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидед, менигаранд. Дар доираҳои асосӣ чунин мешуморанд, ки маҳз Шумо масъулияти таърихиатонро дарк карда, ба пош хӯрдани Тоҷикистон – узви комилҳуқуқи СММ роҳ намедиҳед ва минбаъд низ ба ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ мемонед».

Ҳафтаи гузашта дар китоби таърихи варзиши кишвар саҳифаи нави паҳлавонӣ навишта шуд: варзишгари 22-сола Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба самбо бо гирифтани ҷойи аввал чемпиони ҷаҳон гардид. Вобаста ба ин музаффарият нашрияи «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввал бо расми ҷаҳонпаҳлавони ҷавон Б. Хоҷазода мақолаи муфассал нашр кардааст, ки дар он омадааст: «Дар ин сонияҳои кулминатсионӣ ғиреву кафкӯбии тамошобинон толорро ларзонд: ҳамаро ҳунармандию батоқатии ҷавони тоҷик тасхир намуд! Гонг садо дод, гонги ғалабаи варзишгари Тоҷикистон, чемпиони нави ҷаҳон». Б.Хоҷазода ба хабарнигорони нашрия вобаста ба ғалабаи худ чунин изҳор кардааст: «Ин ғалаба ба ман болу пар бахшид. Бисёр мехоҳам дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кунам, ба хотири боз ҳам баландтар бардоштани обрӯю эътибори варзиши тоҷик. Ин медали тилло туҳфаи хоксоронаи ман ба ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».

«Боздиди тоза бо Айнӣ», «Бояд ҳама ёру бародар бошем», «Вақт довари ҳақ», «Рӯзгоре барои ибрат» — ин мақолаҳо, ки дар мавзӯъҳои гуногун иншо шудаанд, аз ҷониби хонандагони нашрияи «Ҷумҳурият» хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Шумораи идонаи «Садои мардум» (16.11.2017,№134-136) — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24 саҳифа нашр шуда, ҳар як саҳифаи он таърихии баргузории Иҷлосияи таърихиро аз забони иштирокдорони он бо далелҳои нав нақл мекунад. Дар саҳифаи дуюми шумораи идона мулоҳизаҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ М.Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ш.Зуҳуров оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи мазкур ва интихоби сарнавиштсози вакилони он ҷаласа чоп шудааст. Ҳамчунин навиштаҳои зерин: «Оғози беанҷом» — ёдномаи А.Достиев, «Қасри Арбоб ба мардум нури Раҳмонӣ овард» — мулоҳизаҳои  М.Гавҳаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ВМКБ, «Қасри сулҳу ваҳдати миллӣ ё чӣ тавр «Теппаи арбобкуш» Арбобсулҳ шуд» — мақолаи А.Иномов, директори МД «Қасри маданияти Арбоби»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Тири бадхоҳон хок хӯрд» — хотираҳои полкловники мустаъфӣ М.Олимов, сардори дастаи муҳофизони собиқ президент Раҳмон Набиев, «Ман дар Иҷлосия зидди ҳизби наҳзати исломӣ баромад карда будам» — ёддошти Мулло Ҳайдар Шарифзода, «Ғолибият «падар»-и зиёд дораду мағлубият «ятим» аст» — навиштаи Аламхон Аҳмадов, «Чаҳор мувофиқати тасодуф» ва боз даҳҳо мақолаҳои дигар дар шумораи идонаи нашрия дарҷ гардидаанд, ки бешак, ба хонандагон маъқул мешаванд. Дар шумораи мазкури нашрия ҳамчунин рӯйхати вакилоне, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум иштирок карданд, нашр шуда, иттилоъ дода шудааст, ки аз 197 вакили Иҷлосияи таърихӣ 111 нафар дар қайди ҳаётанд.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм, «Ҷавонони Тоҷикистон» — нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, «Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихии  XVI Шӯрои Олӣ мақолаҳои илмӣ-таҳлилии пурмӯҳтаво нашр кардаанд.

Ноябрь 16, 2017 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид