Ба беморхонаи ноҳияи Данғара дастгоҳи ангиографӣ тақдим гардид

Ноябрь 17, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Муассисаи давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  маросими расман ба истифода додани дастгоҳи  ангиографӣ, ки пешрафтатарин ва муассиртарин воситаи ташхиси бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар буда, ҳамзамон тариқи он амалиёти муоличавӣ низ гузаронида мешаванд, сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар расми баистифодадиҳии дастгоҳи  ангиографӣ, ҳамзамон ду нафар беморони маҳаллӣ тариқи ройгон аз амалиёти ҷароҳии стенокардия бо мувафақият гузаронида шуданд.

Бино ба иитилои манбаъ,   дастгоҳи мазкур бо сарпарастӣ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассисаи тиббии кишвар насб гардид.

Зикр гардид, ки  дастгоҳи  ангиографӣ барои ташхис ва табобати дурусти бемориҳои дил истифода шуда, чунин таҷҳизот дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 адад мебошад. Дастгоҳи ангиографӣ ҷиҳати найчагузорӣ ба шараёнҳои дил бе ҷароҳии анъанавӣ ва кушода хизмат мерасонад.

Мувофиқи нишондоди оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ  қариб 500 нафар мубталои бемориҳои  ишемиявии дил буда, ба роҳ мондани фаъолияти чунин таҷҳизоти муосири соҳавӣ   ҷиҳати фаро гирифтани маризони дил ва рагҳои хунгузар бо табобати дуруст ва саривақтӣ имконияти васеъ фароҳам меоварад.

 

 

Ноябрь 17, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд