Дар конфронси байналмилалии Сохтори зиддитеррористии СҲШ созмони террористӣ – экстремистии ҲНИТ таҳдид ба амнияти минтақавӣ номида шуд

Ноябрь 17, 2017 08:41

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 2  ноябри соли  2017   дар  пойтахти Ўзбекистон  конфронси 5 – уми илмӣ — амалии  байналмилалии  Сохтори  зиддитеррористии  СҲШ  (СЗТ  СҲШ) таҳти  унвони «Мубориза  бо  терроризм – ҳамкорӣ  бидуни  сарҳадот», ки бо  ҷуғрофиёи  васеъи  иштирокчиёни он — 8 кишвари узви  СҲШ (зиёда  аз 3,3  миллиард  аҳолӣ, масоҳати 34  миллион километри мураббаъ, дорои 1/3 қисми даромаднокии  дохилии  маҳсулоти  ҷаҳонӣ ва  4  кишвари дорои  силоҳи  ҳастаӣ), 4  давлати  нозир  дар назди СҲШ  ва  13  ташкилоти байналмилалӣ,  аз  ҷумла, панҷ воҳиди  зиддитеррористии соҳавии СММ  фарқ  мекард,  кори  худро  ба анҷом расонид.

Мавзўи  асосии  баромадҳои иштирокчиён  ба масъалаҳои  муҳим-  муқовимат  ба  таҳдиду  хатарҳои  муосири  аз ташкилотҳои  байналмилалии  террористӣ  бароянда,  роҳҳои   таҳкими  ҳамкорӣ   ба  манфиати  табодули саривақтии   иттилоот,  ҷустуҷўи  террористон,  мустаҳкам  кардани  назорати  сарҳадӣ,  аксуламал  ба  истифодаи  шабакаи  Интернет  бо  мақсадҳои  террористӣ  ва  экстремистӣ  ва  ҷанбаҳои  муҳими  дигари  ҳамкории  зиддитеррористӣ  дахл доштанд. Махсусан ба номақбулии   истифодаи  «стандартҳои  дугона»  дар  арзёбии зуҳуроти  террористӣ  ва  экстремистӣ ишора  карда  шуд.

Суханронии роҳбари кумитаи  Иҷроияи СЗТ СҲШ  Е.С. Сисоев мавриди  таваҷҷуҳи  бештари  иштирокчиён  қарор  гирифт. Вазъияти нигаронкунандаи  шиддат  ёфтани  тамоюлҳои  террористӣ  ва  чораҳои аз  тарафи  Созмон  дар  масъалаи муқовимат  ба  терроризм андешидашавандаро тавсиф  намуда,  директори  кумитаи  иҷроия  зикр намуд, ки дар  қатори  ташкилотҳои  дигари террористии  байналмилалӣ  ташкилоти  террористӣ —  экстремистии  ҲНИТ  ба амнияти  минтақавӣ  таҳдиди  ҷиддӣ  дорад.  Зимнан зикр намуд, ки  чорабиниҳои  муштараки  аз тарафи Шўрои  СЗТ  аз  рўи   самтҳои  асосии ҳамкорӣ   қабулгардида  имконият медиҳанд,  ки  ҷиҳати ба   ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашидан ва  истирдоди шахсони   бо  эҳтимоли  анҷоми ҷиноятҳои  дорои характери террористӣ ва экстремистӣ дар ҷустуҷӯи  байналмилалӣ  эълоншуда  корҳо  бурда  шаванд.

Бо  дарназардошти  вазъияти  фаврии ҷорӣ,  авлавияти асосии СЗТ СҲШ-ро  муқовимат  ба ҷангиёни террористии хориҷӣ —  захираҳои  аслии  кадрии  СТБ (созмонҳои  террористии  байналмилалӣ)  ташкил  медиҳад.  Бо ин  мақсад  табодули  дахлдори  иттилооти  пешгирикунанда  доир  ба  фаъолияти  СТБ «Давлати  Исломӣ», «Ҷабҳат – ан — Нусра», «Ҳизб – ут – Таҳрир  ал  Исломӣ»,  «Ҳаракати Исломии  Туркистони Шарқӣ», «ҲНИТ»  ва  ғайра   ба роҳ  монда  шудааст.

Мавзўи  муқовимат  ба СТЭ  ҲНИТ  идомаи  худро дар  баромади  намояндаи  Тоҷикистон,  ки дар он масъалаи ҳассоси манфиатдор  будани   неруҳои  хориҷ  аз  минтақа  ба истифодаи СТЭ  ҲНИТ  бо  мақсади  носубот  гардонидани  вазъият  ва   авҷ  гирифтани  экстремизм  дар  минтақаи  таҳти  назорати СҲШ,  истифодаи  «стандартҳои  дугона»  аз  тарафи  онҳо  дар  арзёбии фаъолияти  террористии  ҲНИТ  ба  миён  гузошта  шуд, пайдо  намуд.

Чунончи, маърӯзакунанда зикр  намуд, ки  аз тарафи  «ҳомиёни  хориҷӣ»  бо  ба  инобат гирифтани мавқеи   геополитикии  Тоҷикистон,  мавҷудияти  самтҳои алоқаи  он  бо  Афғонистон, водии  Фарғона,  вилояти  автономии Синзян – Уйғури  ҶМЧ, СТЭ  ҲНИТ  ҳамчун   маркази  ҳамоҳангии   фаъолноки   инқилобии  исломӣ  дар тамоми  минтақа ба  назар  гирифта  шудааст.

Моҳи  сентябри  соли  2015  аз  ҷониби  СТЭ  ҲНИТ   амали  васеи  террористӣ  ва  кўшиши  бо  роҳи  зўрӣ ба  даст  овардани  ҳокимият   сурат гирифт,  ки   дар натиҷаи  амалиёти зиддитеррористии мақомоти  салоҳиятдори Тоҷикистон  пешгирӣ  карда  шуд.

Дар  ҷараёни  тафтишот   муайян  карда  шуд, ки   дар  давраи   фаъолияти  худ   дар  қаламрави  Тоҷикистон   роҳбарони  СТЭ  ҲНИТ   барои  расидан  ба  мақсадҳои  ҷинояткоронаи худ  20  гурӯҳи ҷиноӣ  ташкил  карданд,  инчунин  дар  давоми  солҳои  гуногун  500  нафар  аз  ҳисоби  ҷавонон   барои  таҳсил  ба марказҳои  террористии  хориҷӣ  равон  карда  шудаанд  ва  аксарияти  онҳо  дар  ҳоли  ҳозир  аъзои  фаъоли созмонҳои  террористию  экстремистӣ буда, дар  гўшаю  канори  мухталифи дунё  фаъолият  доранд.  Аз  ҷумлаи  1000  шаҳрванди   дар  сафи  воҳидҳои  низомии  СТБ «Давлати  Исломӣ» қарордошта  521  нафарашон   узви  СТЭ  ҲНИТ  мебошанд. Кўшишҳои  ба  Сурия  рафтани  баъзе  аз аъзои СТЭ ҲНИТ  бо  аҳли оилаашон барои  ҳамроҳ  шудан  ба СТБ  «Давлати  Исломӣ»  пешгирӣ  карда  шуданд.

29  сентябри  соли 2015  бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ   созмони террористию  экстремистӣ  дониста,        фаъолияти  ҳизб  ва  органҳои  чопии он  дар  қаламрави  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мамнӯъ  эълон  карда  шуд.

Дар асоси қарори суд далелҳои исботшудаи сохтори террористӣ   доштани ҲНИТ ва аз ҷониби он амалӣ сохтани фаъолияти террористӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, робитаҳои қарин доштани ин ташкилот бо сохторҳои байналмилалии террористӣ, чун Ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ», «Бародарони мусалмон – Ихвонулмуслимин», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати толибон», «Ҳаракати исломии Туркистон» инъикос шудаанд.

Дар ин робита ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ на танҳо барои суботу амнияти Тоҷикистон, балки барои ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Мавқеи ҳаммонанди Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мавриди ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ дар сатҳи баланд на танҳо  дар конфронси сипаришаванда, балки пештар низ дар доираи ҷаласаи XVI роҳбарони хадамотҳои махсус, мақомоти бехатарӣ, мақомоти қудратии шарикони Хадамоти федеролии амнияти Россия (4 октябри соли 2017, шаҳри Краснодар), Конфронси байналмилалии СААД «Хатару таҳдидҳои фаромиллӣ, вобаста ба фаъолияти террористӣ), «Амалисозии иқтидори ташкилотҳои байналмилалӣ дар бахши муқовимат  бо терроризм» (16 июни соли 2017, шаҳри Москва), конфронси пулиси байналмилалӣ (Интерпол) «Рӯнамоии механизмҳои фаврии  зиддитеррористӣ» (11-12 июли соли 2017, шаҳри Теҳрон) ва ғ. баён гардида буд.
Лозим ба ёдоварист, ки баҳои нишондодашуда ба фаъолияти террористии ҲНИТ аз ҷониби ноиби Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар маърӯза, зимни  машварати гурӯҳи кории лоиҳаи KALKAN дар шаҳри Теҳрон ироа шуд. Ин машварат аз  ҷониби Пулиси байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Вале тавре маълум аст, маҳз сохти сиёсии Эрон ба шумули субъектҳое дохил мешавад, ки ташкилоти террористию экстремистии «ҲНИТ»- ро дастгирӣ мекунанд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ба даст овардани мақоми давлати аъзои СҲШ даъво мекунад.
Эҳтимол таъкид дар баромади роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ оид ба хавфи оқибати фаъолияти террористии ҲНИТ ба амнияти минтақа барои Эрон як паём бошад, то дастгирии ин ташкилоти террористию экстремистиро қатъ созад.

Илова бар ин, ин сиёсати дастгирии террористон принсипҳои Хартия ва дигар санадҳои қонунии Созмони ҳамкории Шанхайро дағалона вайрон мекунад.

Гуфтаҳои боло эътимод мебахшанд, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ барои қатъи фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилоти террористию  экстремистии ҲНИТ чорабиниҳои муназзам баргузор мекунад. Тавре коршиносон «дар ҷаласаи мақомоти олии қонунии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Пекин зикр карданд, фаъолияти ҲНИТ мавзӯи баррасиҳои махсуси роҳбарони ниҳодҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои СҲШ  гардидааст.
Асос барои ин, воридсозии ташкилоти террористию экстремистии «ҲНИТ» таҳти № 79 ба Номгӯи ташкилотҳои террористию ҷудоихоҳ ва экстремистӣ мебошад, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзои CҲШ мамнӯъ эълон гардида, роҳбарону хизматчиёни ин ташкилотҳо дар қайди Рӯйхати ягонаи кофтукови ашхос буда, аз ҷониби хадамотҳои махсус ва мақомоти қудратии давлатҳои аъзои СҲШ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ барои содир кардан ё гумонбар будан дар иҷрои амалҳои дорои хусусияти террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ қарор дода  шудаанд.

Ташкилоти террористию экстремистии «ҲНИТ» дар баробари Созмони ҳамкории Шанхай дар мадди назар ва амали ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, чун Пулиси байналмилалӣ (Интерпол), Маркази зиддитеррористии ИДМ ва СААД қарор дорад.
Аъзои ба қайдҳои махсуси ин сохторҳои зиддитеррористӣ ворид шудаи ташкилоти террористиву экстремистии «ҲНИТ» барои содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ба ҷавобгарӣ, боздошт ва маҳбас кашида мешаванд.

Як катор хизматчиёни ташкилоти террористию экстремистии «ҲНИТ» аллакай дар давлатҳои гуногуни дунё, ки мехостанд дар он ҷо аз адолат фирор  карда, ба амалҳои террористии худ идома дода, дигар нафарҳоро низ ба  доми худ дароранд, боздошт гардидаанд.

Дар ин замина метавон гуфт, ки муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ омили калидӣ барои барҳам задани нақшаҳои харобкоронаву коридани тухми террору зӯроварии ташкилоти террористиву экстремистии «ҲНИТ» дар қаламрави СҲШ мегардад. Ҳамзамон кӯшишҳои бархе аз  давлатҳои ғарбӣ ин навбат низ, ки мехоҳанд аз «стандартҳои дугона» кор бигиранд ва ба таври кушод, бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ  барои идомаи фаъолияти ҷинояткоронаи террористони «ҲНИТ» паноҳгоҳ муҳайё созанд, номуваффақона хоҳанд буд.

Карим ВОҲИДОВ

 

 

Ноябрь 17, 2017 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт