Дар ноҳияи Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 21, 2017 17:07

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Маркази минтақавии мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Рашт бо ташаббуси Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ доир гардид. Дар ин бора корманди Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусо Абдуқаҳҳоров  хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ таҷҳизотест, ки тариқи видеоконфронс ва технологияи иттилоотӣ кормандони тиб ва силшиносонро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад ва  ба онҳо имкони мубодилаи таҷрибаро  фароҳам меорад.

Ба гуфти   сартабиби ноҳияи Рашт Алимаҳмад Солеҳов, чунин таҷҳизот барои анҷоми ташхиси дурусту саривақтӣ бисёр муҳим буда, силшиносон акнун метавонанд бо Маркази омӯзишии беморхонаи «Мачитон» пайваст шуда,   тариқи онлайн машварат  ва маслиҳатҳои муфид гиранд.

«Пеш аз фароҳам овардани чунин таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ, кормандони тиб ва силшиносонро зарур буд садҳо километр роҳро аз ноҳияҳои дурдасти минтақаи Рашт тай намуда, ба пойтахти ҷумҳурӣ барои омӯзиши тиббӣ раванд. Ҳоло бо пайваст намудани  ин таҷҳизоти замонавӣ дар кӯтоҳтарин вақт  мо бо мутахассисони ҷумҳуриявӣ пайваст шуда, аз онҳо дар мавриди бемориҳои сил маслиҳатҳо мегирем»,- гуфт А.Солеҳов.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло бо ташаббуси Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таҷҳизот насб гардида, байни ҳам пайваст мебошанд. Дар назар аст, ки тариқи чунин дастгоҳ мутахассисон дар мавриди дигар бемориҳо низ табодули таҷриба кунанд.

Ноябрь 21, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд