ДУЗДӢ АЗ ДОХИЛИ МАҒОЗА… ВКД хабар медиҳад…

Ноябрь 20, 2017 11:46

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва  пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

Роҳзанӣ ба воситаи корду табар

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон- 2 писарбачаи 15 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд ва марди 60-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.
Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ бо Хисрав ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, шаби 10 ба 11 ноябри соли равон, тахминан соати 01:00, бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, марди 50-солаи муваққатан истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ворид шуда, дар он ҷо марди 47-солаи сокини кӯчаи А.Навоиро ба воситаи табар ва корд захмдор намудаанд. Сипас дари сейфро бо табар шикаста, аз дохилаш ягон чиз пайдо накарда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Садамаҳои ҳалокатбори  роҳу нақлиёт

18 ноябри соли 2017, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи «Шанхи» Киромиддин Қамаров, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз ш. Қӯрғонтеппа ба тарафи ш. Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи н. Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Худойқулова Анора Нуриддиновна, соли таваллудаш 1950, сокини н. Хуросонро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард А. Худойқулова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин тариқ, 18 ноябри соли равон, тахминан соати 11:15, ронандаи мошини тамғаи «Тайота-Карола» Мирзокаримов Мирзошариф, соли таваллудаш 1946, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҷ.Расулов аз тарафи кӯчаи С.Шерозии пойтахт ба самти кӯчаи Абдуллобеков аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда М. Мирзокаримов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Дуздӣ аз дохили мағоза

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино-1 марди 32-солаи сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи Ҳилолии пойтахт шуда, аз он ҷо либосҳои гуногунро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо 2 нафар шахсони ба тафтишот номаълум ин ҷиноятро содир намудааст.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2017 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад