ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ. 19 ноябр -Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ

Ноябрь 19, 2017 09:22

ДУШАНБЕ, 19.11.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон якшанбеи сеюми моҳи ноябр Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз тарафи  Ассамблеяи Генералии Созмони милали муттаҳид  моҳи октябри соли 2005  эълон гардида буд.

Мақсад аз таҷлили ин рӯз  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рӯйдодҳои нохуш, пеш аз ҳама, пос доштани хотираи қурбониёни ҳодисаҳои нақлиётӣ ва баёни тасаллияту ҳамдардӣ ба аъзои оилаи онҳо мебошад. Зеро дар натиҷаи садамаҳои нақлиётие, ки ҳамарӯза дар саросари дунё ба амал меоянд, зиёда аз 3 ҳазор одамон ба ҳалокат расида, қариб 100 ҳазори дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд. Қисми зиёди фавтидагон ва ҷароҳатдидагонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тавре сардори  шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати  Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия  Наргисой Туйчиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ  рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

«Соли 2016 бар асари 1326 садамаи нақлиётӣ 427 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 1419 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд. Шумораи  садамаҳои роҳу нақлиётӣ нисбат ба соли 2015  149 адад, ҳалокшудагон 22 нафар  ва маҷрӯҳон 157 нафар кам  ба қайд гирифта шудааст. Дар муҳлати сипаригардидаи соли 2017  дар  роҳҳои автомобилӣ 1115 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 383 нафар ба ҳалокат расида, 1151 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Хушбахтона,   шумораи фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон соли равон назар ба соли 2016 камтар ба чашм расид ва умед аст,  ки солҳои оянда низ ин шумора рӯ ба пастравӣ орад»,- гуфт Наргисой Туйчиева.

 Ба гуфтаи сардори  шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати  Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати садаманокӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар асосан аз интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт вобастагии калон дорад.  Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ- ин суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ мебошанд.

“Ҳамасола бо  дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Раёсати  Бозрасии давлатии автомобилии  Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ байни наврасону ҷавонон амалиёти «Бачаҳо», «Пиёдагард», “Чорроҳа” ва “Автобус”  роҳандозӣ шуда, дар доираи он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ҳамасола дар кишвар  Ҳафтаи хотираи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ гузаронида мешавад, ки он барои пешгирии садамаҳо мусоидат мекунад”,- иброз намуд сардори  шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати  Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия  Наргисой Туйчиева.

Тибқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 соли охир 15 ҳазору 225 адад садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 4 ҳазору 533 нафар ҳалок ва 17 ҳазору 117 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,

АМИТ “Ховар”

Ноябрь 19, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
12 снаряд ба абрҳои жолазои манотиқи гуногуни Тоҷикистон партоб шуд
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд
Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид
Бар асари бориши шадид дар Танзания беш аз 50 нафар ҳалок шуд
15 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ. Ҳадафи он ташаккул додани маърифати экологии аҳолии сайёра аст