ФУТБОЛ: «Истиқлол» бар дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе ғалаба кард

Ноябрь 20, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон бар  дастаи  футболи  КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  баргузор гардид. Голи ягонаро ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаи 16-ум ба ҳадаф расонд.  Дастаи ғолиби ин ҷуфт аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ маълум хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии даври нимфиналӣ миёни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол» 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  доир мегардад.

Ноябрь 20, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад