Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон

Ноябрь 18, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” — ро ифтитоҳ бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли дорувории баландсифат ва банду басти мутобиқ ба стандартҳоро тақозо намуданд.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид доштанд, ки дорусозони тоҷик аз имконияту иқтидори истеҳсоли доруворӣ ва маводи тиббӣ аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон фаровон истифода баранд.

Корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои ғилофакбарорӣ (капсула), доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока, пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳо аз мева иборат мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин маркази омӯзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар шакли ғилофак (капсула) истеҳсол намудани доруворӣ дар корхонаи шаҳри Бӯстон нахустин таҷриба мебошад. Дар соҳаи доруворӣ дар шакли ғилофак истеҳсол намудани дору дар тиббӣ чаҳонӣ афзалият дорад ва ин коре, ки аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода шуд, дастоварди нав маҳсуб меёбад. Яке аз афзалиятҳои муҳиме, ки дар ин корхона роҳандозӣ карда шудааст, тайёр кардани дору аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон аст.

Тибби ҷаҳонӣ дар истеҳсоли доруворӣ ба тибби қадимии тоҷик такя намудааст, зеро тибби қадимии тоҷик дар муддати асрҳо манфиату шифобахшии комили доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахшро собит намудааст.

Аз қадим дар сарзамини тоҷикон зиёда аз ҳазор номгӯй ва навъу намуди меваҷоту сабзавот ва гиёҳҳои шифобахш рӯидаанд ва имрӯз низ маъруфият доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулону мутахассисон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд, ки минбаъд навъу номгӯи ин дорувориҳоро аз гиёҳҳои табиӣ афзун намоянд.

Сипас Пешвои миллат бо фаъолияти сохторҳои дигари корхонаи дорусозии “Фарм Суғд” шинос шуданд.

Дар ин корхонаи тозатаъсиc таҳлилгоҳу анбори нигоҳдорӣ, ба зарфҳо рехтани нӯшобаҳо аз меваю гиёҳҳо, таъмизу нигоҳдорӣ, истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока ва пахтаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш аз иқдомҳои шоистаи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Диловар Қувватзода мебошад, ки бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,8 гектар бунёд ёфта, дорои сехҳои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад.

Корхонаи мазкур бар замми истеҳсоли маводи доруворӣ, ҳамчунин ба воридоту содирот, савдои яклухту чаканаи маводи доруворӣ, маводи тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст. Дар корхона беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимии баландмузд таъмин шудаанд.

Бо оғози фаъолияти ин корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббӣ истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш, беш аз 20 навъу номгӯи нӯшобаю дамобаҳо, номгӯи зиёди бандинаҳои гуногунандозаи таъмизшуда ва таъмизнашуда, 3 номгӯй пахтаи тиббӣ, 4 намуд равғанҳои шифобахши тиббӣ, 2 намуд маҳлули спиртӣ, 3 намуд шарбатҳои махсуси шифоӣ, ҳамагӣ зиёда аз 60 намуд номгӯи маводи доруворию тиббӣ ба роҳ монда шуда, интиқолу фурӯши он ба осоишгоҳҳо ва дорухонаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.

Тоҷикистон дорои иқтидору имкониятҳои соҳаи истеҳсолии дорусозӣ ва доруворӣ мебошад. Ин таҷрибаи қадимии халқи тоҷик аз давраи пешин, хусусан дар вақти фаъолияти аллома Абӯалӣ ибни Сино, ки дар ҷаҳон бо номи Авитсена маъруф гардидааст, ибтидо мегирад.

Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷрибаи ғанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷии як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри пешрафти соҳаи истеҳсоли доруворӣ ва дорусозӣ тадбирҳо амалӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро ба масъалаҳои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат ҷалб менамоянд ва тақозо мекунанд, ки баҳри ҳифзи саломатии миллат ва генофонди миллат аз дорую дармони баландсифат истифода шавад.

Тавре дар паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шудааст, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи марбут ба саломатии миллат вориду фурӯши доруворӣ, маводи тиббии ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ дар дохили кишвар мебошад.

Дар асоси нишондодҳои барномавии паёмҳои Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз воридоти дорувории пастсифату қалбакӣ бо истифода аз анъанаҳои қадимаи тибби тоҷик, паст фаровардани нархи доруворӣ ва истифода аз гиёҳҳои шифобахши тиббӣ, меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши сарзамини Тоҷикистон соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии давлатӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ иқдомҳои шоиста менамоянд.

Таъсису бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз чунин амалҳои нек мебошад.

Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон 18.11.2017

Ноябрь 18, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд