Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд

Ноябрь 17, 2017 11:37

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар саҳни таълимгоҳ хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ карданд.

Муассисаи таълимии мазкур барои 2600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2006 оғоз ёфта, барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ Идораи сохтмонии рақами 1 ва рақами 5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдлоиҳакаш» таҳия гардидааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар сохта шуда, бо системаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст.

Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Ҳамзамон муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо буда, толору майдончаи варзишӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои замони муосир сохта шудаанд. Ҳамзамон синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки 80 нафар омӯзгор ва дигар кормандони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд ва онҳо устодони ботаҷрибаву пешқадаманд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат хонандагонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз ин шароити муосиру замонавӣ илм омӯхта, дар ҷомеа пешқадам бошанд. Таълимгирандагон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои чунин таълимгоҳи муҷаҳҳазу боҳашамат миннатдорӣ баён намуданд.

Пас аз ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот карданд. Сарвари давлат дар назди ҳозирин бо таҳлили амиқи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи шаҳр суханронӣ намуда, барои рушду нумуъ ва пешрафти бештари он таклифу пешниҳодҳои асоснок ба миён гузоштанд.

Ифтитоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 17.11.2017

Ноябрь 17, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд