Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд мақоми мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат касб намуд

Ноябрь 17, 2017 16:01

ДУШАНБЕ, 17.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд мақоми мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат касб намуд. Ин пешниҳод имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи он зикр гардид.

Роҳбари давлат аз рушди соҳаи маориф дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки дар вилоят ба хотири ҳавасмандгардонии устодони навовар ва толибилмони болаёқат, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, ҷоизаҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки чунин иқдом, бешубҳа, боиси дилгармӣ ба кори таълиму тарбия мегардад.

Соли равон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятро 35 ҳазор нафар хонандагон хатм намуда, қариб 20 ҳазор нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта хеле зиёд мебошад.

Аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар довталабон сазовори номи донишҷӯ гардидаанд, ки ин рақам низ дар муқоиса бо натиҷаҳои соли гузашта зиёд буда, дар миқёси мамлакат нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад.

Асоси ҳамаи ин дастовардҳоро Роҳбари давлат ба заҳмати софдилонаи омӯзгорони эҷодкору навовар ва устодони соҳибфазилат вобаста донистанд.

Ба андешаи Пешвои миллат, ҳамаи амалҳои созандае, ки мо то имрӯз анҷом додаем, меваҳои шаҳдбори истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Зеро агар мо соҳиби истиқлолу озодӣ намебудем, дар кишварамон сулҳу оромӣ поянда намешуд, ватанамон рӯ ба ободӣ намеовард, зиндагии осуда насибамон намегардид ва чунин иншооту биноҳои назаррабо қомат намеафрохтанд.

Президенти кишвар дар баробари ин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳри Хуҷанд супориш доданд, ки барои дар солҳои 2018 — 2019 ба истифода додани ду бинои истиқоматии нуҳошёна барои омӯзгорон ва ду бинои хобгоҳи чорошёна барои хонандагоне, ки аз дигар шаҳру навоҳии вилоят ба ин мактаб ҷалб мешаванд, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати дар ҳудуди мактаб бунёд намудани ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд вазифадор гардиданд, ки то охири соли оянда бо мақсади пурра фаро гирифтани кӯдакону наврасони маҳаллаи Темурмалики шаҳр як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 1300 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, ба истифода супоранд.

 

Ноябрь 17, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд