Мавсума Муинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе: «Фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорист»

Ноябрь 17, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо мо 25-солагии баргузории онро таҷлил менамоем, дар он зоҳир мегардад, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард.

Пешвои миллат замоне ба сари ҳокимият омаданд, ки кишвар аз даргириҳои бемаънӣ фалаҷ гардида, ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда буд. Дар чунин вазъи фоҷиабор Пешвои миллат ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардида, дар ин роҳи мушкили сиёсӣ қадамҳои устувор бардоштанд.

Дар чунин шароити мудҳиш ба сари кор омадан ва ба таври  таъҷилӣ сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва  худкифоияти хоссаро тақозо менамуд.

Пешвои миллат бо сифатҳои волои шахсӣ ва ахлоқи миллию мардумӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар саросари Тоҷикистони азиз муҳимтарин дастоварди башарӣ — сулҳу субот, амнияту ҳамбастагӣ, ваҳдат ва оромиши миллию мардумиро таъмин намуданд.

Саъю талошҳои фаровони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навин натиҷаи хуб доданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расид.

Марҳилаи созиши миллӣ дар таърихи Тоҷикистон ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб шуда,  дар ин марҳила нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Пешвои миллат намебуданд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амсоли кишвари ҳамсоя — Афғонистон ба майдони тохтутозҳои бемаънои худхоҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёфт. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷодаи сулҳофарӣ дар миқёси ҷаҳон ҳодисаи нодир маънидод шудааст.

Зимни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам».

Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баъди зимоми давлатдориро ба даст гирифтан дар амри давлатсозӣ кор аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз гардид, ки дар ин замина тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат рамзҳои давлати навини тоҷикон — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ қабул шуда, пули миллӣ ба роҳ монда шуд. Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи миллии худ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуданд, то ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр карда шуда, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шаванд.

Таҳти ҳидоятҳои раҳнамунсозандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми қаламрави кишвар фаъолияти рукнҳои фалаҷгаштаи мақомоти маҳаллии давлатӣ барқарор ва дубора ба роҳ монда шуд. Мақомоти идораи маҳаллӣ, суд, прокуратура, амният, милитсия, комиссариатҳои низомӣ ва корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва таълимиву маърифатӣ ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ дар кӯтоҳтарин фурсат фаъол гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати кордониву сиёсати пайгиронаву холисонаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем.

Пешвои миллат дар солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри ба даст овардани амнияти миллӣ ҷони худро дареғ надошта, чун пояи устувори давлатсозии миллии тоҷикон оташи низоъ ва бархӯрдҳоро хомӯш карданд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳамватанони мо ҳам ба давлат ва ҳам ба Пешвои миллат меҳру муҳаббати самимӣ доранд.

Фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Президенти кишвар  барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

Мавсума МУИНӢ,

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 17, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид