НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТЕМ! 20 ноябр-Рӯзи байналмилалии кӯдак

Ноябрь 20, 2017 10:44

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 ноябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Соли 1954 Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ягон рӯз ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак- рӯзе, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шуда бошад, ҷашн гирифта шавад.

Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ 20 ноябри соли 1959 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол, 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд, ки он ҳуқуқи ин қишри ҷомеаро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ менамояд.

Мақсади таҷлили ин рӯзро ба ҷалби диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон арзёбӣ мекунанд. Дар ин рӯз дар тамоми кишварҳои узви СММ барномаҳои гуногуни сатҳи давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор менамоянд. Дар Тоҷикистон, ки қишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, 20 марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст, ҳамасола ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳои махсус таҷлил менамоянд.

«Тоҷикистон сиёсати пайгиронаи ҳифз ва таъмини шароити беҳтар барои кӯдаконро пеша намудааст ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мебошад, ки кишвари мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 онро амалӣ намудааст»,- зикр кард Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Ҷиҳати иҷрои муқаррароти Конвенсия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пеш аз ҳама, қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки «модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд»,-баён дошт Р. Ҳабибулозода.

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат,  фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

3 рӯз қабл, 17 ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни санаи муҳими таърихӣ-25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим карданд, ки ин шаҳодати ғамхории пайваста ва дар мадди назари роҳбарияти давлати тоҷикон қарор доштани онҳо мебошад.

Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст. 10 рӯз пеш аз ин, 10 ноябр аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ “Ховар” иттилоъ дода буданд, ки бо мақсади  иҷрои қарори мазкур  дар шашмоҳаи аввали соли 2017 танҳо дар вилояти Суғд  ба  29 ҳазору 19  нафар  хонандагони синфҳои 1-9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағи 580 ҳазору 380 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо истифода аз сиёсати сулҳпарваронаю маорифдӯстонаи худ Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи чандин мактаби замонавӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамеша наврасону ҷавононро ба хониши хубу аъло ҳидоят менамоянд. 12 майи соли равон Пешвои миллат зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара зикр намуда буданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд.

Дар робита ба ин, як далели воқеиро хотирнишон месозам.

Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО имрӯз дар дунё 57 миллион нафар кӯдакон имконияти таҳсил кардан надоранд ва 25 миллион нафар кӯдакони аз 6 то 15-сола бо сабаби низоъҳои мусаллаҳона дар 22 кишвари олам аз имконияти мактабравӣ маҳруманд».

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Раҷабмо Ҳабибулозода дар бораи самтҳои муқаррарнамудаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва салоҳиятҳои дар назди сақомоти дахлдор гузоштаи он чунин гуфт: «Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати мақомоти давлатие, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак масъул мебошанд ва ваколати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро дар ин самт муқаррар намудааст. Қонуни мазкур тамоми он ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ намудааст, кафолат додааст, ки ин пеш аз ҳама, ҳуқуқи кӯдакон  ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, ҳуқуқ ба зиндагӣ ва тарбия дар оила ва амалишавии онҳоро тавассути андешидани тадбирҳои дахлдор  кафолат медиҳад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конвенсия оид ба  ҳуқуқи   кӯдаки СММ боз ду протоколи иловагии онро имзо кардааст, ки ба масъалаҳои вобаста ба манъи иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва протокол дар бораи манъи савдои кӯдакон ва фоҳишагии онҳо мебошад, ки принсипҳои зикргардида дар  Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҷой карда шудаанд.

«Бо мақсади  таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон соли 2016 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон заминаи комилан нав фароҳам овард. Тадқиқоти ташкилотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки сол аз сол вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон беҳтар шуда истодааст. Масалан, соли 2016 як ташкилоти байналмилалӣ бо дастгирии Донишгоҳи Эразмус тадқиқот гузаронидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Қазоқистон ҷойи дуюмро ишғол мекунад»,-иброз дошт Раҷабмо Ҳабибулозода.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода гуфт, ки моҳи сентябри соли равон дар Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ маърӯзаи навбатӣ, яъне маърӯзаи 3, 4 ва 5-уми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳо тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва аз ҷониби давлатҳои аъзои Кумитаи мазкур (намояндагони 18 давлати узви СММ) корҳои анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини беҳбудии кӯдакон ва шароити беҳтарин барои зиндагии онҳо бисёр хуб арзёбӣ гардид.

«Ман фикр мекунам, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаъолият мекунанд, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар ин ҷода ва татбиқи он тавсияҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба мо пешниҳод карда мешаванд, тадбирҳои зарурӣ меандешем ва кӯшишу ғайрати худро ба ин самт равона менамоем»,-мегӯяд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маврид ба зикри хос аст, ки аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии кӯдак зери шиорҳои гуногун таҷлил карда мешавад ва ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шиори имсолаи рӯзро чунин пешниҳод кардааст: «Бигузор кӯдакон роҳбарӣ кунанд».

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2017 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд