Нигоҳе ба пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2017 15:53

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар садаҳои пешин, то даҳсолаҳои аввали асри ХХ байни тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои гуногуни олам рафтуомад озод буд. Чунки дар он замон дар сарҳади кишварҳо барои равуои мардум мамониати чандоне вуҷуд надошт.

Дар солҳои мавҷудияти давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР, 1922-1991) бо сабабҳои сиёсӣ рафту омади тоҷикон ба кишварҳои форсизабон кам шуд. Бахше аз мардум дар солҳои 20-ум ва 30-юми садаи бист аз Ватани аслии хеш фирор карда, дигар ба зодгоҳи худ барнагаштанд. Дар натиҷа чанде аз тоҷикони Осиёи Миёна дар кишварҳои гуногуни олам паҳн шуда, ҳамеша бо ёди диёр дар ғурбат умр ба сар мебурданд.

Ҳамчунин дар замони Шӯравӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтан, таҳсил дар мамолики гуногуни олам, иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ низ хеле кам буд. Ба ҳар ҳол пас аз солҳои панҷоҳи садаи бист, агарчи хеле кам ҳам бошад, бо иҷозати давлат баъзе адибон, олимон ва ҳатто муҳоҷирон низ ба кишварҳои хориҷӣ мерафтанд ва аз он тараф низ меомаданд.

Соли 1991 ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро сартосар буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифт. Моҳ ба моҳ зиндагии моддӣ ва маънавии мардум бад шуд. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон ду неруи мухолиф бар зидди якдигар қарор гирифтанд, вазъияти ҷумҳурӣ боз ҳам бадтар гашт.

Ҳазорон-ҳазор нафар тоҷикон аз атроф ба шаҳр, аз деҳа ба деҳа, аз ноҳия ба ноҳия, дар кишварҳои ҳамсоя ва дур гуреза гаштанд, ватанро тарк карданд. Дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ марзҳо таҳти назорати ин давлатҳо қарор гирифт. Сол ба сол кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ марзҳои худро идора мекардагӣ шуданд ва фақат аз тариқи иҷозати расмӣ (бо виза) аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан расмӣ шудан гирифт. Акнун хешу табор, ҳамзабонон ва ҳамсояҳои наздик бо мушкилот ба дидори якдигар мерафтанд.

Дар натиҷа аз ҷониби неруҳои солими сиёсӣ тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) баргузор шавад. Маҳз ҳамин иҷлосия барои Тоҷикистон ва тоҷикон нақше бозид, ки арзиши он дар саҳифаи таърих беназир аст.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ин фарзанди фарзонаи миллат дар ҳамаи гуфторҳои хеш дар ҳамон сол ва баъдҳо низ бо сӯзу гудоз, бо суханони ростин такрор ба такрор ёдовар мешуданд, ки ба миллат ва кишвар барои ҷонро нисор кардан омода мебошад. Дар айни замон аз ҳамаи сиёсатмадорон хоҳиш мекарданд, ки даст ба дасти якдигар дода, содиқона кишварро аз вартаи фалокат раҳо намоем. .

Баъзеҳо тахмин мекарданд, мегуфтанд ва аз тариқи расонаҳои хабарӣ менавиштанд, ки ин интихоб ҳам дуру дароз нест. Фақат шахсони дурандеш, миллатдӯст, ватанпарвар аз ҳамон рӯзи интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки ба сари қудрат касе омад, ки ба миллат ва Ватан садоқат дорад. Дар суханони ӯ дар ҳамон рӯзҳо ишқ ба миллат, Ватан, сулҳ, адолат, бародарӣ, пешрафти иқтисод, сиёсати одилона бо ҳамаи кишварҳои олам ва аз ҳама муҳим, баргардондани тоҷикони гуреза, ҷустори тоҷикони дар замони Шӯравӣ аз Ватан ҳиҷраткарда ва пайванд шудан бо ҳамзабонони дар кишварҳои гуногуни олам мавҷудбуда садо медоданд. Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар канори садҳо масъалаҳои муҳими зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон низ назари нек доштанд. Сарвари давлат соли 1993 чунин гуфта буданд:

Чунон ки маълум аст, Анҷумани якуми тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бисёр шадид, дар шароите, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт, барпо гардида буд. Имрӯз ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани дуюми тоҷикони саросари ҷаҳон дар шароити нави таърихӣ – дар шароити хотима ёфтани ҷанг доир мегардад. Чунин шароит дар натиҷаи амри воқеӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон ба даст омад” (1993, 8 сентябр).

Бале, натиҷаи ҳамин иҷлосия буд, ки рӯз ба рӯз, ҳафта ба ҳафта, сол ба сол бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ созандагӣ шурӯъ гардид. Ҳанӯз дар ҳамон соли 1993 ҳангоми ҷашни Истиқлоли кишвар бо таваҷҷуҳ ба пайванди бештари тоҷикон, ҳамватанон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо, Сарвари давлат гуфта буданд:

Хушнудӣ болои хушнудист, ки ҷашни Рӯзи истиқлоли ҷумҳурӣ ин дафъа ҳам бо Анҷумани умумиҷаҳонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар як вақт баргузор мегардад. Воқеан ҳам созмон ёфтани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон бо таъмини истиқлолияти кишвари тоҷикон сахт алоқаманд мебошад. Метавон гуфт, ки таъсиси Анҷуман яке аз муҳимтарин самараҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бинобар ин, беҳуда нест, ки он маҳз дар нахустин ҷашни Рӯзи истиқлоли сарзамини бостонии тоҷикон тавлид ёфтааст” (1993, 8 сентябр).

Дар он солҳо вазъ мураккаб буд. Ба ҳамон вазъи мураккаб нигоҳ накарда, бо пешниҳоди Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон 12 сентябри соли 1993 ҳамоиши дуюми “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон” ба кори худ идома дод, ки дар он номи созмон аз «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» ба «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» табдил дода шуд. Ҳамчунин номи рамзии худ “Пайванд”-ро низ нигоҳ дошт ва Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд” интихоб шуд.

Ҳамин тавр, баъд аз он ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” интихоб шуданд, фаъолияти ин Анҷуман боз ҳам густурдатар гардид. Аз соли 1993 то соли 1996 тамоми аъзои дохилӣ ва хориҷии Анҷуман бо сарварии Президент барои ваҳдат, пайванд ва барқарории сулҳу амният дар кишвар талош намуданд.

Кормандони расмии Анҷумани “Пайванд” тавонистанд дар солҳои навади садаи бист қариб 30 гурӯҳи ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони илму фарҳанги тоҷикон ва форсизабононро аз 17 кишвари гуногуни ҷаҳон бипазиранд. Онҳоро бо дастовардҳои илмию фарҳангии кишварамон ошно созанд, ки дар байни меҳмонони Анҷумани “Пайванд” чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, соҳибкорон ва дӯстдорони фарҳанги тоҷикон буданд. Ҳар кадоме бо нияти нек мехостанд ба ободии ояндаи Тоҷикистон ва пайванди бештар бо ҳамзабонон ҳисса бигзоранд.

Дар давоми солҳои навади асри бист қариб сад нафар ҳамзабонон ва ҳамватанони хориҷии мо дар Тоҷикистон хешовандон ва наздикони худро пайдо карданд, ки дар ин кор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзанда доранд. Ҳангоми ибрози назар намудан аз фаъолияти Пешвои миллат дар пеши назар маҳз иҷлосияи 16 ҷилвагар мешавад.

Дар тӯли ин солҳо Анҷумани “Пайванд” бо марказҳои мадании тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ба монанди Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Франсия, Англия, Германия, Шветсия, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, баъзе аз кишварҳои арабӣ ва ғайра робита пайдо кард, ки ҳамаи ин аз баракати иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Чорумин ҳамоиши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” моҳи сентябри соли 1999, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли кишвар ва 1100- солагии давлати Сомониён баргузор гардид, ки зимни он Президенти кишвар бо меҳру самимият гуфта буданд:

Бисёр хушнудам, ки шуморо дар ин рӯзи барои тамоми тоҷикони ҷаҳон фараҳбахш шодбош мегӯям!

Дар ин толор дар баробари симоҳои шиносу дӯстони деринаи Тоҷикистон, чеҳраҳои нав ҳузур доранд, ки ин гувоҳи афзудани сафи дӯстону хайрхоҳони Тоҷикистон аст.

Мо дар симои ҳар яки шумо, бародарону хоҳарони худ – намояндагони тоҷикони ҷаҳонро мебинем, ки ба тақдири мамлакат ва ояндаи мардуми мо бетараф нестанд.

Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон самимона табрик мегӯям ва умедворам, ки ин Анҷуман барои таҳкими робитаҳои дӯстонаи тоҷикони ҷаҳон, тақвияти худшиносии миллӣ ва пойдории таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нақши муҳим мебозад”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Дар ҳамоиши чорум, дар фарҷоми суханони худ Раиси “Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд” Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба меҳмонон чунин гуфта буданд, ки баробари шунидани он дар чашми баъзе аз меҳмонон ашк ҳалқа мезад ва аз ин гуфтаҳо ишқи бештар ба тоҷику Тоҷикистон мебастанд:

Чун ҳаммиллату ҳамзабони шумо, бисёр мехоҳам ба Тоҷикистон рафту омади доимӣ, ҳамкории судбахш дошта бошед, самимияту эҳсоси бародаронаи тоҷикистониёнро ба хешу табору дӯстон, ба фарзандону наберагонатон расонед, то онҳо низ бидонанд, ки дар идомаи давлати таърихии Сомониён имрӯз бо номи Тоҷикистон кишвари сулҳҷӯву фарҳангпарваре ҳаст, ки оғӯши гармаш барои хайрхоҳон, дӯстону пайвандон ҳамеша боз аст!”. (Соли 1999, 10 сентябр).

Пас аз иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон роҳи васеъ боз шуд. Ҳар сол теъдоди ошиқони Тоҷикистон зиёд мегардид. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ҳар касе, ки ба ин кишвар сафар менамуд, пас аз бозгашт ба мамлакати хеш аз тоҷику Тоҷикистон ба хешовандону дӯстонаш пайғоми нек мебурд. Ин пайғоми нек боиси он мешуд, ки аз кишварҳои гуногуни олам ҳамзабонон, дӯстдорон, пажӯҳандагон ва сайёҳон озими диёри мо бишаванд.

Баракати иҷлосияи 16 буд, ки ҳар сол ҳазорон нафар тоҷикон ба кишварҳои гуногуни олам сафар мекунанд.

Ҳоло дар марказҳои эроншиносии кишварҳои гуногуни олам- Германия, Британияи Кабир, Франсия, Шветсия, Норвегия, Амрико, Канада, Япония, Ҳиндустон ва ғайра ба омӯзиш ва пажӯҳиши фарҳанги тоҷикон ва Тоҷикистон диққат медиҳанд. Пажӯҳандагони зиёде ба кишвари мо омада, расму оин, фолклор, лаҳҷа, ҳунарҳои мардумӣ ва монанди инро мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор дода, асарҳои илмӣ менависанд.

Дар айни замон фарҳангиёни тоҷик низ бо дастовардҳои пешрафтаи кишварҳои гуногуни олам ошно гардида, онро барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон истифода менамоянд.

Аз ҷумла, барои омӯзиш ва пажӯҳиши пайванди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Масалан, дар факултетҳои филология, таърих, журналистика, равботи байналмилалӣ, фалсафа, забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ дар раванди дарсҳо аз забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги мардуми ҳамзабон ёдоварӣ мешавад. Ҳатто аз ҷониби кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ адабиёти муосири Афғонистон ва Эрон аз ҷониби устодон тадрис мегардад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ДМТ ҳоло садҳо донишҷӯ, унвонҷӯ, аспирантҳои ҳамзабон таҳсил намуда, қариб ҳар моҳ дар бахшҳои гуногуни илм рисолаҳои илмӣ дифоъ менамоянд.

Ҳамаи ин аз самараи пурбаракати иҷлосияи ХVI намояндагони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Агар ин иҷлосия дар он рӯзҳо равиши таърихи миллат ва кишварро ба самти нек равон намекард, оқибати он бо чӣ меанҷомид, номаълум буд.

Дар бораи ҳар кадоме аз самтҳои пурсамари Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон рисолаҳои ҷудогона таълиф намуд.

Ҳар қадар оқилона ва одилона ба дастовардҳои иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-ум то 2 декабри соли 1992 доир гардид, назар андозем, ҳамон қадар дар пеши назарамон  шаъну шукӯҳи миллат ва кишвар дурахшонтар ҷилвагар мешавад.

Акнун фурсати он расидааст, ки даст ба дасти ҳам дода, дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, барои ободии бештари миллат ва кишвар талош варзем, бо корҳои неки худ Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтар ва миллати тоҷикро боз ҳам машҳуртар гардонем.

 

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ

Ноябрь 16, 2017 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид