Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд

Ноябрь 20, 2017 18:44

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нав эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Найтхар Хёфер-Виссинг, Шоҳигарии Белгия Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия Чезар – Маноле Армяну, Ҷумҳурии Эстония Ҳейти Маймес, Канада Николя Бруссо, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Ҷумҳурии Аргентина Иван Иванишевич ва Ҷумҳурии Чили Родриго Хосе Нйето Матурана эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ  медиҳад, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ васеъ гардонад.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Руминия, Ҷумҳурии Эстония, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Чили андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирон баъди шиносоии наздик бо шароити кишвари мо, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

Қабули эътимоднома аз 8 сафири нав 20.11.2017

Ноябрь 20, 2017 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд