ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 18 ноябр, шанбе, 322-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 43 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 18, 2017 09:05

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 18 ноябри соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори 19 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуданд.

***

18 ноябри соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии корхона санги асос гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бинои нави  шифохонаи номдори «Баҳористон» ба истифода дода шуд.

18 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Латвия – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

18 ноябри соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии Маркази фарҳангу маърифатии «Суғд» баргузор гардид.

***

134 сол  пеш аз ин, 18 ноябри соли 1883 дар ИМА тарзи ягонаи ҳисоби соат ҷорӣ карда шудааст (то ин вақт ҳар шаҳр соати худро танзим мекард).

***

Дар ин рӯзи соли 1991 Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардидааст.

***

18 ноябри соли 1992 дар таърихи Канада калонтарин амалиёти муҳосираи ҳавопаймо гузаронида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 4 ҳазору 300 килограм маводи сахттаъсири мухаддир (кокаин) мусодира гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1994 дар Тоҷикистон рӯзномаи хусусии «Дайдҷест-пресс» таъсис дода шудааст.

Ноябрь 18, 2017 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш