ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 ноябр, якшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 42 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 19, 2017 09:19

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

19 ноябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60 -солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда буданд.

***

5 сол пеш, 19 ноябри соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи чапи қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1987  нархи рекордии фурӯши автомобил ба миён омадааст, ки дар музояда автомобили тамғаи «Бугати Роял-1931» («Bugatti Royale-1931») 5,5 миллион доллар наргузорӣ шуда буд.

 19 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ (якшанбеи сеюми моҳи ноябр).

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ.

 РӮЙДОДҲО:

 19 ноябри соли 1792 Франсия ба ҳамаи халқҳои зулмдида кумак равон карда буд.

***

48 сол қабл, 19 ноябри соли 1969  Ҳукумати Гана аз кишвараш 500 ҳазор муҳоҷиронро хориҷ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1984 дар Мехико бар асари таркиш дар нуқтаи нигоҳдории сӯзишворӣ 334 нафар ба ҳалокат расида буданд.

***

19 ноябри соли 1991 дастаи футболи занонаи Шветсия дастаи футболи занонаи Японияро бо ҳисоби 8:0 мағлуб карда буд (ин рекорди натиҷагирии мусобиқаҳои финалии чемпионати ҷаҳон миёни занон арзёбӣ мегардад).

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1893 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар рӯзномаи «Ню-Йорк Велд» замимаи ранга нашр гардида буд.

***

Соли 1969 футболбози бразилиягӣ  Пеле голи 1000-уми худро зада буд.

 

 

 

Ноябрь 19, 2017 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш