Тоҷикистон бахшҳои молиявии Люксембургро ба ҳамкорӣ даъват намуд

Ноябрь 21, 2017 15:54

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Люксембург 20 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург бо Директори генералии Иттиҳодияи фондҳои сармоягузории Люксембург (ALFI) Камилле Томмес ва Менеҷери калони рушди соҳибкорӣ Пиер Оберие баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд.

Иттиҳодияи мазкур созмони аз аҳли сармоягузорони Люксембург намояндагикунанда буда, зиёда аз 1300 фонду хазинаҳои сармоя, ширкатҳои замонат ва кафолатдиҳанда ва ташкилотҳои дигар, мисли бонкҳои хизматгузор, ширкатҳои ҳуқуқӣ, мусташорон ва мушовирони соҳаи сармоя ва ғайраҳоро муттаҳид месозад.

Ҷониби Тоҷикистон масоили шарикӣ дар иҷрову татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро матраҳ намуда, хостори мусоидати бахшҳои молиявии Люксембург, аз ҷумла, ҷомеаи сармоягузорон ва соҳибкорон, бонкҳои байналмилалӣ ба кишвари мо ва алалхусус ба бахши бонкии Тоҷикистон расонидани кумак шуд. Дар ин замина тамосҳои то ҳол баргузоршуда бо Хонаи тадрис (House of Training)-и Люксембург, ки  як бахши ин корро ба уҳда гирифтааст, ёдрас шуд.

Зимни зарурати танзими мулоқотҳои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони тоҷикистониву люксембургӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои бахшҳои ба сармоя ниёздоштаи кишвари мо мавҷудияти Созишномаи канорагирӣ аз андозситонии дукарата байни Люксембург ва Тоҷикистон чун як омили мусбат зикр шуд.

Мувофиқа шуд, ки иловатан як теъдод машваратҳои сеҷонибаи Сафорати Тоҷикистон, Иттиҳодияи мазкур, Бурси (биржаи) Люксембург ва Палатаи савдо ва саноати он дар мавзӯи истифодаи маблағҳое, ки махсусан барои “иқтисоди сабз” ҷудо карда шудаанд, баргузор шавад.

 

Ноябрь 21, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд