ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: ҳалокати 6 нафар зимни садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Оличадара…

Ноябрь 21, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯз аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандон аз беэҳтиётии ронандагон иттилоъ додааст. Ҳамчунин дар сомонаи расмии ВКД доир ба ашхосе, ки қасдан ба ҳолатҳои дуздию қаллобӣ даст мезананд, хабарҳо интишор гардидаанд, ки чанде аз онҳоро пешниҳоди  хонандагони АМИТ «Ховар» менамоем.

Қаллобон дастгир шуданд

Марди 33-солаи сокини деҳаи Н.Махсум ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ ва 6000 сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардондааст.

Ҳамин тариқ, ин марди 60-сола бо ҳамин роҳ аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод 3000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Ҳамчунин оид ба ҷинояти қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 46-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 31 декабри соли 2014, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 555 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Гумонбаршудагон дар ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

 

Қаллоб маблағи мошинро пардохт накард

Марди 21- солаи ноҳияи Муъминобод ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст, ки 7 сентябри соли равон, ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии пойтахт қарор доштанаш марди 26-солаи сокини ш.Кӯлоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 адад мошини  тамғаи «Опел-Астра»-ро ба маблағи 29 000 сомонӣ нархгузорӣ карда, мошинро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ  давом доранд.

 

Садамаи марговар дар ноҳияи Ашт

Ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», 19 ноябри соли равон, тахминан соати 20:15, Каримҷонов Комрон Каримҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Бахмали ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Урунов Зокир Ҳақназарович, соли таваллудаш 1969, сокини маҳаллаи Қалъачаро пахш намудааст.

Дар натиҷа З. Урунов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Ҳалокати 6 нафар зимни садамаи нақлиётӣ

19 ноябри соли равон, тахминан соати 18:00 дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «УАЗ-31512» Розиқов Маҳмадулло Каримович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз  н.Балҷувон ба самти н.Ховалинг, дар мавзеи деҳаи Оличадараи ноҳияи Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-250 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа худи ронанда Розиқов М. ва 6 нафар мусофиронаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ноябрь 21, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид