Дар «Сафед-дара» барои кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ курси омӯзишӣ доир гардид

Декабрь 15, 2017 16:11

ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи дуюм аст, ки дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» барои кормандони субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи сайёҳӣ курси омӯзишӣ ҷараён дорад. Дар доираи омӯзиши мазкур имкониятҳои хизматрасонии  Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» мавриди омӯзиши кормандони субектҳои хоҷагидори соҳа қарор мегирад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маҷмааи мазкур хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки ин давраи омӯзишӣ  бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, сайёҳии зимистона бо ташаббуси  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.  Дар омӯзиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва коршиносони соҳа иштирок доранд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ба иштирокчиён барои ширкат ва саҳм гузоштан дар рушди соҳа миннатдорӣ баён намуда, аз ширкатҳои сайёҳии ватанӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати муаррифии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» ба сайёҳони хориҷӣ  хатсайрҳои нав ба роҳ монда, ҳамкориро таҳким бахшанд.

Зикр гардид, ки Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра навсозӣ  гардида, бо фароҳам гардидани шароити муносиб, аз қабили ифтитоҳи  биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои муосири дорои бозии конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ фаъолияти худро оғоз намудааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди Маҷмаа мактаби махсуси варзишии кӯдакона аз рӯи намуди варзиши зимистона кушода шудааст, ки дар он садҳо нафар кӯдакон ба омӯзиш машғул мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, дар ҷумҳурӣ барои ворид гардидани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи лижаронии «Сафед-дара» соли 1976 таъсис ёфта, дар шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб ҷойгир мебошад. Маҷмааи номбурда аз шаҳри Душанбе тақрибан дар масофаи 70 километр дуртар қарор дорад. Ин ягона Маҷмааи лижаронӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми шароит барои дилхушии меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар фароҳам оварда шудааст.

Чанде пеш Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ портали миллии сайёҳӣ ифтитоҳ намуд. Дар ин портал имкониятҳои сайёҳии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-дара» ҷой дода шудаанд, ки барои муаррифии шоистаи соҳаи сайёҳии кишвари кӯҳистони мо мусоидат менамоянд.

Декабрь 15, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид