Рейтинги рушди кишварҳои дунё: Тоҷикистон беҳтарин нишондиҳандаҳоро дар бахши «маориф» ва «амнияту ҳифозат» соҳиб шуд

Декабрь 4, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 04.12.2017. /АМИТ «Ховар»/ Тоҷикистон дар Рейтинги  (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст. Ин маълумот  дар сомонаи расмии ин ниҳод зикр шудааст.

Мувофиқи маълумоти ин Рейтинг, беҳтарин нишондиҳандаҳои Тоҷикистон давоми соли равон дар бахшҳои  «маориф» (ҷойи 54) ва «амнияту ҳифозат» (мақоми 49) ба даст оварда шудаанд. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин рейтинги  мақоми 100-умро соҳиб гашта буд.

Россия ин дафъа  дар паҳлӯи Тоҷикистон, яъне дар ҷои 101-ум қарор дошта, Қазоқистон мақоми 72-юм, Қирғизистон- 82, Беларус- 95-умро ба даст овардаанд. Мақоми аввалро Норвегия ишғол намуда, баъди он Зеландияи нав ва Финландия ҷой гирифтаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар асоси омӯзиши як қатор нишондиҳандаҳои кишварҳо тартиб дода мешаванд. Ин навбат нишондиҳандаҳои рушди кишварҳо ба нуҳ гурӯҳи алоҳида ҷудо шудаанд: сифати иқтисодиёт, муҳити тиҷоратӣ, идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, амнияту ҳифозат, озодиҳои шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ ва муҳити атроф.

Нишондиҳандаҳои рушди кишварҳои Маркази таҳлилии бритониёии «Институти Legatum» (The Legatum Prosperity Index) – ин маҷмӯи нишондиҳандаҳои омезишёфтаест, ки муваффақиятҳои кишварҳоро вобаста ба рушд ва пешрафти онҳо фароҳам сохтааст. Ин Раддабандӣ аз соли 2006 инҷониб нашр меёбад. Мақсади ин таҳқиқот аз омӯзиши пешрафти иҷтимоӣ ва рушди он дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст.

Декабрь 4, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад