ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 19 январ, ҷумъа, 19-умин рӯзи соли 2018 аст

Январь 19, 2018 08:05

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

19 январи соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.

***

5 сол пеш, 19 январи соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

19 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.

***

Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

РӮЙДОДҲО:

 19 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

19 январи соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1903  дар Франсия дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — «Тур де Франс» эълон ба нашр расид.

***

19 январи соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

 Соли  2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Япония дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра Ясутаро Коидэ вафот кард.

 

Январь 19, 2018 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш