АЛҲАЗАР АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА! Мулоҳизаҳои хабарнигори «Садои мардум» роҷеъ ба мавзӯи доғи рӯз

Январь 16, 2018 13:54

ДУШАНБЕ, 16.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Асри  ХХI-ро асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши ниҳоят босуръати фарҳанг ва забонҳо меҳисобанд. Имрӯз ҳар фард — хоҳ шаҳрӣ бошаду хоҳ деҳотӣ, имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як они воҳид бо дурдасттарин минтақаи дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омӯзад, бо халқу тамаддуни гуногун иртибот барпо намуда, чизи зарурӣ гирад ва ё чизе ба дигарон диҳад.

Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад: хуб ва бад.

 Имрӯз дида истодаем, ки ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздиконро ба ғаму андуҳ мубтало сохта истодаанд.

Ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова дар як суҳбат бо хабарнигорон аз вазъи рӯзгори ҷавонон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки баъзе аз онҳо бемасъулият шудаанд. Онҳо дар рафтору гуфтор, либоспӯшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. «Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад» (китоби «Занони Тоҷикистон», Душанбе, Адиб, 2012, саҳ. 14).

Ба андешаи ман, тақлид ба фарҳанги бегона фаромӯш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили расму оин ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ мисли фаромӯш сохтани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат аст. Чанде қабл набераам Гулианор, ки дар синфи 2-юм мехонад, ба мактаб тоқии нави гулдӯзӣ ба сар карда рафт, ки модаркалонаш аз бозор харида буд. Модараш, пеш аз он ки тоқиро ба сари ӯ пӯшонад, кокулонашро боҳавсала майдабофӣ карда, тоқиро пӯшонд ва дар ду чаккаи ӯ гуллентаҳои сафеди зебоеро насб намуд. Хурсандии набераам ҳадду канор надошт, вале вақте ӯ аз мактаб баргашт, табъаш хира буду ба ҳавлӣ даромадан замон тоқиро аз сар гирифта, як сӯй гузошт.

Гуфт, ки писарҳои синфашон ба тоқипӯшияш хандида, ӯро «қиш­лоқӣ» номидаанд.

Шоми ҳамон рӯз телевизиони Тоҷикистон лаҳзаеро аз мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони як мактаби президентӣ ба намоиш гузошт, ки дар он гулдухтаракони синфҳои поёнӣ ҳама дар сар тоқии гулдӯзии тоҷикӣ доштанд. Ман ба набераам гуфтам: «Ана дидӣ, духтарчаҳои дар пойтахти кишвар мехондагӣ, мисли ту, тоқии тоҷикӣ дар сар доранд. Бин, чӣ хел зебо аст. Агар ту ҳам ҳар рӯз тоқӣ дар сар ба мактаб равӣ, писарҳои синфатон онро дида одат мекунанд. Духтарчаҳои дигар низ ба ту пайравӣ карда, тоқипӯш мешаванд».

Дар яке аз иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди дастгирӣ қарор гирифту вакили маҷлис Зоҳид Бадиев пешниҳод кард, ки минбаъд дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ арӯсшавандаҳо либоси миллӣ ба бар кунанд, ки он иборат аз куртаи атласу чакан ва тоқии гулдӯзию тӯри тоҷикӣ бошад. Ҳама вакилон ин пешниҳодро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. Дар ҳақиқат, он фатаи арӯсие, ки тӯйдорон ба орият гирифта, барои истифодаи 1-2 соатаи он аз 500 то 2000 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, моли бегона аст.

Солҳои 1978-1981 дар шаҳри Мазори Шариф, вақте ки дар шуъбаи фармоишот ва таъминоти раёсати тафаҳҳуси нафту гази шимоли Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор мекардам, Файзудинхон ном маъмур дар шуъба ба дафтардорӣ машғул буд. Ӯ марде 50-55 — сола, бисёр босавод, ҳофизхон буду баҳору зимистон кулоҳи заврақмонанди қарокӯлӣ мепӯшид ва аз он бисёр ифтихор ҳам мекард. «Ин либоси миллии мост», — мегуфт ӯ.

Боре суҳбатамон дар атрофи мафҳуми «сала» печиду ман аз ӯ пурсон шудам, ки чаро ӯ мисли муллоҳои дигар ба сараш салла намебандад?

Файзудинхон як лаҳза ба андеша рафту гуфт:

— Афсӯс, муллоҳои камсаводи мо намефаҳманд, ки салла моли мардуми бодиянишин аст ва ба дини мубини ислом ягон алоқамандӣ надорад. Салларо арабҳои мусалмон ҳам мебанданду ғайримусалмон ҳам. Он либоси миллии арабҳост ва чор вазифа дорад:

Аввалаш он воситаи бисёр хубест барои пӯшонидану эмин доштани  чашму сару рӯй аз тундбодҳои биёбонҳо, ки реги бисёреро ба осмон мебардоранду баъд ба сару рӯю чашми одамон ва бому дари онҳо мепартоянд. Вазифаи дуюми салла барои мардуми биёбонгард он аст, ки ҳар чизи дар даст доштаашонро ба даруни он меандозанду ба китф мебардоранд. Вазифаи сеюми салла дар биёбонҳо барои соҳибаш рахти хобро иҷро мекунад. Мусофир болои рег онро паҳн мекунаду хоб меравад. Вазифаи чоруми салла иборат аз он аст, ки ҳангоми дар биёбон фавтидани мусофир ҷасади ӯро ба саллааш печонида, гӯр мекунанд. Яъне, салла вазифаи такфинро низ иҷро мекунад.

Аз ин лиҳоз, кас бо саллабандӣ мусалмони комил ҳам намешаваду муллои зӯр ҳам, — хандида ҷавоб дода буд Файзудинхон.

Соли гузашта нависандаи ин сатрҳо дар шумули наздик ба шаш ҳазор нафар зоирони мамлакат тавофи Хонаи Худо ва зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро ба ҷой овардам. Барои ман бисёр тааҷҷубовар буд, ки баъзе ҳамватанон бар хилофи ҳоҷиёни мамлакатҳои Индонезия, Малайзия, Марокаш ва ғайра, ки дар тан либосҳои миллӣ доштанд, куртаю эзори домандарози сафеди арабиро ба бар карданд.

Дар шаҳри Мадинаи мунаввара, дар меҳмонхона, зоирони зиёд омадани лифтро мепоиданд. Чашмам ба ҷавонмарди қоматбаланди сафедчеҳраи 30-35 — сола афтод, ки дар тан либоси сап-сафеди арабӣ ва дар сар рӯймоли сурху аз болои он чанбаракеро гузошта буд, ки хоси мардони араб аст. Аксари арабҳо сиёҳҷурдаанд. «Дар байни арабҳо сафедпӯстон ҳам будаанд-дия», — аз дил гузаронидам ман.

Ногоҳ он «араб» бо ҳампаҳлуяш бо забони тоҷикӣ ба сухан сар кард. Яъне, марди тоҷик бар замми он ки ба тан либоси бегона пӯшида буд, боз ба сар рӯймол гирифта, аз болояш ҳалқаеро низ гузошта буд. Тақлид бисёр ноҷо ва хандаовар буд, вале касе аз ҳамватанон чизе намегуфт. Ман ба ҷавон бо нармӣ фаҳмонидам, ки ин ҷо дар симои ҳар марду зани тоҷик хориҷиҳо симои Тоҷикистонро мебинанд. Мо ҳар яке чун афроди огоҳи кишвар бояд ифтихор доштанро аз ватану миллати хеш нишон диҳем. Бо забондонӣ, бо фарҳанги қадима ва сарулибоси миллии худ. Вале дар ҷавоби суханҳои ман, ба қавли мардум, «аз санг оташ парид»-у аз он ҷавонмард посухе нашуд.

Мӯйсафеди нуроние ба тақлидкор бо истеҳзо нигоҳ карду гуфт: «Ҳама ин ҷо бо мақсади зиёрати Хонаи Худо оянд, шумо, писарам, бо нияти ба сар рӯймол бастан омада будаед-дия!

Ҳамон лаҳза лифт омаду ҷавонмард як нигоҳи бадқаҳрона ба ҷониби мӯйсафед карду ба лифт савор шуд.

Ба назари ман, ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои мо — тоҷикон, хусусан ҷавонон, бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою баланд, мавриди муносиби нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадима табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомӯзанд. Ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, қабули таассуби динию кӯркӯрона таклид кардан ба фарҳанги бегона гардад.

Аз воқеаҳои феврали соли 1990 — уми қарни гузашта хуб дар ёд дорем, ки дар пойтахти кишвар ҷавонони даст ба сӯхтору куштору ғорату талаву тороҷзада ҳама дар сар тоқиҳои тунуки сафед доштанд, ки пеш ҳам маъмул буд, вале онҳоро танҳо мӯйсафедон аз таги тоқию телпак ба сар мекарданд ва он «арақчин» ном дошт. Имрӯз ба шахсоне, ки дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тоқиҳои сафед ва ҳатто куртаю эзори дарозу сафед мепӯшанд, менигараму нафратам меояд. Охир, ин нишони бемаданиятист.

Дар Арабистони Саудӣ зоирони ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо тоқии чоргул дар сар дида, ҳавасам омад. Сад ҳайф, ки онҳо либоси миллии моро ба тан мекунанду мо инро нодида гирифта, дар сар тоқиҳои тунуки сафед мепӯшем.

Тақлидкорӣ ба фарҳангу либоси бегона чанд сол қабл дар байни занону духтарон ҳам хеле ривоҷ ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба муносибати Рӯзи модар дар мулоқот бо бонувони кишвар гуфта буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падарону модарон ҷиҳати пешгирии ин масъ­ала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дӯши давлат ҳавола гардидааст».

Масъалаи бегонапарас­тии бархе аз ҳамватанон, тақлид ба фарҳанги бегона, хоса ба либоси бегона, кайҳост, ки таваҷҷуҳи маро ҷалб кардааст ва инҷониб сабабҳои чунин тақлидкориҳоро меҷӯям. Ин ҳама бегонапарастии бархе дур будан аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ, камогоҳӣ аз таъриху адабу фарҳанги бостонӣ сабабҳои худро дорад. Мо имрӯз дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам фурӯши фиттаҳои тарғибгари фарҳанги бегона, адабиёти таассубӣ, филмҳои туркию арабӣ, сурудҳои хориҷӣ ва ғайраро мебинем, вале хомӯшем, ба ҳамаи онҳо беэътиноӣ, бетарафӣ зоҳир мекунем. Дар бозорҳо фиттафурӯшон сурудҳои хориҷиро баланд мемонанду чизе намегӯем. Намеандешем, ки фиттафурӯш фарҳанги бегонаро тарғиб карда истодааст ва ташвиқоти фарҳанги ғайр мисли маводи дертарканда ба мағзу майнаи ҷавонон ҷойгир мешавад.

Ман ин навиштаамро бо иқтибосе аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оид ба зарурат ва аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ба анҷом расониданиам, ки дархӯри гуфтаҳои болост: «Инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо доранд, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худ­ро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад».

 

                                                                          Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

                                                                             рӯзномаи «Садои мардум»,

                                                                                16 январи соли 2018

Январь 16, 2018 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд