Америка ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки ба Тоҷикистони амну бехатар саёҳат намоянд

Январь 18, 2018 14:32

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод,  бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардида истодааст.

Ба иттилои номбурда, сол то сол шумораи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Америка барои саёҳат ба Тоҷикистон меафзояд. Тибқи маълумоти Кумитаи сайёҳӣ, соли 2017 беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрванди Америка ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки аз ин шумора 2947 нафарашон ба хотири саёҳат ба мамлакати мо ташриф овардаанд.

Хушбахтона, бо эътироф аз талошҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии мо дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи раддабандии ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбат касб кард.

Абдукарим Қурбонов ҳамчунин гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардида, аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳаи сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ давлати  пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» ба даҳгонаи аввали кишварҳо аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ миёни 80 давлат шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.

Бояд зикр намуд, ки дастгирии навбатие, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат пешниҳод шуд, яъне Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои ҳавасманд намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Январь 18, 2018 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд