Дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт

Январь 23, 2018 08:22

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар Аморати Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Маросими ифтитоҳи “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, сафирону намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикони муқими АМА баргузор гардида, ба он Директори Департаменти фарҳанги Шарҷа Абдулазиз ал Мусаллам ҳамроҳ бо Сафири Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ ва Консули генералӣ дар Дубай Б.Сафарзода бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Дар ҳафтаи ҳунарӣ намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда,  маҳсули дасти худро ба намоиш  хоҳанд гузошт.

Санъаткорони ансамбли фолклории “Помир” ва ансамбли рақсии “Базморо” баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.

Дар чорабинии мазкур анвои гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла оши палав, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Қобили  зикр аст, ки Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон  дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб то 25 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

 

Январь 23, 2018 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Коршиносони олмонӣ дар ҷашни наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд